Ид асту охири гулу ёрон дар интизор

246

Ид асту охири гулу ёрон дар интизор,
Соқӣ, ба рӯйи шоҳ бибин моҳу май биёр.

Дил баргирифта будам аз айёми гул, вале
Коре бикард ҳиммати покони рӯзадор.

Дил дар ҷаҳон мабанду ба мастӣ суол кун
Аз файзи ҷому қиссаи Ҷамшеди комгор.

Ҷуз нақди ҷон ба даст надорам, шароб ку,
К-он низ бар карашмаи соқӣ кунам нисор?

Хуш давлатест хурраму хуш хусраве карим,
Ё Раб, зи чашмзахми замонаш нигоҳ дор.

Май хур ба шеъри банда, ки зебе дигар диҳад
Ҷоми мурассаъи ту бад-ин дурри шоҳвор.

Гар фавт шуд саҳур, чӣ нуқсон, сабӯҳ ҳаст,
Аз май кунанд рӯзакушо толибони ёр.

З-он ҷо ки пардапӯшии афви карими туст,
Бар қалби мо бибахш, ки нақдест камъиёр.

Тарсам, ки рӯзи ҳашр инон бар инон равад
Тасбеҳи шайху хирқаи ринди шаробхор.

Ҳофиз,чу рафт рӯзаву гул низ меравад,
Ночор бода нӯш, ки аз даст рафт кор.