Имрӯз зи шавқат ҳама сӯзу ҳама дардам

Имрӯз зи шавқат ҳама сӯзу ҳама дардам,
Нодида рухат з-ин сари кӯ бознагардам.

Беҳуда бувад ҳар ғаму дарде, ки на ишқ аст,
Ҳаргиз мани бедил ғами беҳуда нах(в)ардам.

Аз гунаи зардам занадам чеҳра, агар рашк
Ҳар лаҳза ҷигаргун накунад гунаи зардам.

Рӯйи дили ман сӯйи бутон буд ҳамеша,
Чун рӯйи ту дидам, зи ҳама рӯ ба ту кардам.

Гулҳои чаманро хатар аз боди хазон аст,
Ай шохи гули тоза, битарс аз дами сардам.

Гар ту нанишинӣ, ба ман ин бас, ки нишинад
Рӯзе, ки шавам хок, ба домони ту гардам.

Ҷомӣ ба ҳавоят ғазале гуфт диловез,
Мазмуни ғазал ин ки ба савдои ту фардам1.


1 Фард – танҳо, ягона.