Имрӯз чунонӣ, эй парирӯй

626

Имрӯз чунонӣ, эй парирӯй,
К-аз моҳ ба ҳусн мебарӣ гӯй.

Меоию дар паи ту ушшоқ,
Девона шуда давон ба ҳар сӯй.

Инак ману зангиёни кофар,
В-он малъаби1 луъбатони ҷодуй.

Оварда зи ғамза сеҳр дар чашм,
Дар дода зи фитна тоб дар мӯй.

В-аз баҳри шикори дил ниҳода
Тири мижа дар камони абрӯй.

Нархи гулу гулшакар2 шикаста
З-он чеҳраи хубу лаъли дилҷӯй.

Чокар шуда шоҳи ахтаронат,
Шери фалакат шуда саги кӯй.

Бар боми сарочаи ҷамолат
Кайвон шуда посбони ҳиндуй.

Ораз ба масал чу барги насрин,
Боло ба сифат чу сарви худрӯй.

Гӯӣ, ба чӣ шона кардаӣ зулф?
Ё худ ба чӣ об шустаӣ рӯй?

К-аз рӯй ба лола медиҳӣ ранг,
В-аз зулф ба мушк медиҳӣ бӯй.

Чун Саъдӣ сад ҳазор булбул
Гулзори рухи туро ғазалгӯй.


1 Маҳалли бозӣ, бозигоҳ.
2 Таркибест аз шакар ва барги гули садбарг, гулангубин.