Инсоф набуд, он рухи дилбанд ниҳон кард

180

Инсоф набуд, он рухи дилбанд ниҳон кард,
Зеро ки на рӯест, к-аз ӯ сабр тавон кард.

Имрӯз яқин шуд, ки ту маҳбуби Худоӣ,
К-аз олами ҷон ин ҳама дил бо ту равон кард.

Муштоқи туро кай бувад орому сабурӣ?
Ҳаргиз нашунидам, ки касе сабр зи ҷон кард.

То кӯҳ гирифтам зи фироқат, мижаам об
Чандон бичаконид, ки бар санг нишон кард.

Зинҳор, ки аз дамдамаи кӯси раҳилат
Чун рояти мансур чи дилҳо хафақон кард.

Борон ба бисот аввали ин сол биборид,
Абр ин ҳама таъхир ки кард, аз паи он кард.

То дар назарат боди сабо узр бихоҳад,
Ҳар ҷавр, ки бар тарфи чаман боди хазон кард.

Гул муждаи бозомаданат дар чаман андохт,
Султони сабо пурзари мисриш даҳон кард.

Аз домани куҳ то ба дари шаҳр бисоте
Аз сабза бигустарду бар ӯ лолафишон кард.

Шояд ки замин ҳулла1 бипӯшад, ки чу Саъдӣ
Пиронасараш давлати рӯи ту ҷавон кард.


1 Либоси фохиру зебо.