Интабиҳ қабла-с-саҳар, ё залманом

355

Интабиҳ қабла-с-саҳар, ё залманом,
Навбати ишрат бизан, пеш ор ҷом,

То савори ақл бардорад даме
Табъи шӯрангезро даст аз лигом.

Давре аз бат1 дар қадаҳ кун, пеш аз он-к
Дар хурӯш ояд хурӯси субҳи бом.

Мурғи ҷонамро ба мушкин силсила
Тавқ бар гардан ниҳодӣ чун ҳамом2.

З-оҳанин чанголи шоҳини ғамат
Рахна-рахна-ст андаруни ман чу дом.

Соате чун гул ба саҳро даргузар,
Як замон чун сарв дар бустон хиром!

То шавад бар гул накӯрӯӣ вабол,
То шавад бар сарв раъноӣ ҳаром.

Тӯтиёни ҷони Саъдиро ба лутф
Шаккаре деҳ аз лаби ёқутфом.

Нолаи булбул ба мастӣ хуштар аст,
Сотгине, сотгине, эй ғулом!


1 Суроҳӣ ба шакли мурғобӣ, ки шароб дар он кунанд.
2 Кабутар.