Ин бӯи рӯҳпарвар аз он хӯи дилбар аст

64

Ин бӯи рӯҳпарвар аз он хӯи дилбар аст,
В-ин оби зиндагонӣ аз он ҳавзи Кавсар аст.

Эй боди бӯстон, магарат нофа дар миён,
В-эй мурғи ошно, магарат нома дар пар аст?

Бӯи биҳишт мегузарад бо насими дӯст,
Ё корвони субҳ, ки гетӣ мунаввар аст?

Ин қосид аз кадом замин аст, мушкбӯй,
В-ин нома-дар чӣ дошт, ки унвон муаттар аст?

Бар роҳи бод уд дар оташ ниҳодаанд,
Ё худ дар он замин ки туӣ, хок анбар аст.

Боз ову ҳалқа бар дари риндони шавқ зан,
К-асҳобро ду дида чу мисмор1 бар дар аст.

Боз о, ки дар фироқи ту чашми умедвор
Чун гӯши рӯзадор бар «Аллоҳу акбар» аст.

Донӣ, ки чун ҳамегузаронем рӯзгор?
Рӯзе ки бе ту мегузарад, рӯзи маҳшар аст.

Гуфтем, ишқро ба сабурӣ даво кунем,
Ҳар рӯз ишқ бештару сабр камтар аст.

Сурат зи чашм ғоибу ахлоқ дар назар,
Дидор дар ҳиҷобу маъонӣ баробар аст.

Дар нома низ чанд бигунҷад ҳадиси ишқ?
Кӯтаҳ кунам, ки қиссаи мо кори дафтар аст.

Ҳамчун дарахти бодия Саъдӣ ба барқи шавқ
Сӯзону меваи суханаш ҳамчунон тар аст.

Оре, хуш аст вақти ҳарифон ба бӯи уд,
В-аз сӯз ғофиланд, ки дар ҷони миҷмар2 аст.


1 Мех.
2 Удсӯз.