Ин гул зи бари ҳамнафасе меояд

16

Ин гул зи бари ҳамнафасе меояд,
Шодӣ ба дилам аз ӯ басе меояд.
Пайваста аз он рӯй кунам ҳамдамияш,
К-аз ранги ваям бӯйи касе меояд.