Ин заминест, ки сарманзили ҷонон буда-ст

Ин заминест, ки сарманзили ҷонон буда-ст,
Матраҳи нури рухи он маҳи тобон буда-ст.

Ин заминест, ки ҳар шебу фарозе, ки дар ӯст,
Ҷойи омадшуди он сарви хиромон буда-ст.

Ин заминест, ки ҳар ҷо хасу хоре бинӣ,
Пеш аз ин руста ба ҷояш гулу райҳон буда-ст.

Домани нозкашон рафта ба ҳар ҷониб аз ӯ,
Он ки сад дасти таманно-ш ба домон буда-ст.

Медиҳад хоки раҳаш хосияти он обам,
Ки насиби Хизир аз чашмаи Ҳайвон буда-ст.

Бояд афшонд зи ҳар нӯги мижа хуни ҷигар,
Ҳар куҷо лаъли лаби ӯ шакарафшон буда-ст.

Ҷони Ҷомӣ ба ҳақиқат зи ҳамин боду ҳавост,
Гар ба сурат гилаш аз хоки Хуросон буда-ст.