Ин ҳама хуноба, к-андар чашми гирёни ман аст

Ин ҳама хуноба, к-андар чашми гирёни ман аст,
Гашта пайдо аз ҷароҳатҳои пинҳони ман аст.

Қосиди ҷонон, ки ояд баҳри қатли дигаре,
Қосиди ҷонон магӯ, к-ӯ қосиди ҷони ман аст.

Парда аз рози дилам чун ғунча бархоҳад гирифт,
Чокҳо, к-аз шавқи он гул дар гиребони ман аст.

Хоб дидам дӯш, к-он лаб мегазам, инак ҳанӯз
Дар лабаш монда нишони захми дандони ман аст.

Мешавам гарди раҳаш, ай бод, гарди ман бибар,
Ҳар куҷо ҷавлонгаҳи сарви хиромони ман аст.

Ҳар шаб аз тасбеҳи худ фавҷи малак монанд боз,
Баски дар авҷи фалак фарёду афғони ман аст.

Аз ҷигар, Ҷомӣ, кабоб овар, зи хуни дил шароб,
К-имшаб он хунхораи бадмаст меҳмони ман аст.