Ишқ варзидаму ақлам ба маломат бархост

50

Ишқ варзидаму ақлам ба маломат бархост,
К-он ки ошиқ шуд, аз ӯ ҳукми саломат бархост.

Ҳар кӣ бо шоҳиди гулрӯй ба хилват бинишаст,
Натавонад зи сари роҳи маломат бархост.

Кӣ шунидӣ, ки барангехт саманди ғами ишқ,
Ки на андар ақибаш гарди надомат бархост?

Ишқ ғолиб шуду аз гӯшанишинони салоҳ
Номи мастурию номуси каромат бархост.

Дар гулистоне, к-он гулбуни хандон бинишаст,
Сарви озод ба як пои ғаромат1 бархост.

Гули садбарг, надонам, ба чӣ равнақ бишукуфт,
Ё санавбар ба кадомин қаду қомат бархост.

Дӣ замоне ба такаллуф2 бари Саъдӣ бинишаст,
Фитна биншаст, чу бархост, қиёмат бархост.


1 Товон, вом.
2 Кореро аз рӯи иҷбор ба бемайлӣ анҷом додан.