Кадом кас ба ту монад, ки гӯямат, ки чун ӯӣ?

512

Кадом кас ба ту монад, ки гӯямат, ки чун ӯӣ?
Зи ҳар кӣ дар назар ояд, гузаштаӣ ба накӯӣ.

Латифҷавҳаруҷонӣ, ғарибқоматушаклӣ,
Назифҷомавуҷисмӣ, бадеъсуратухӯӣ.

Ҳазор дида чу парвона бар ҷамоли ту ошиқ,
Ғуломи маҷлиси онам, ки шамъи маҷлиси ӯӣ.

Надидам обею хоке бад-ин латофату покӣ,
Ту оби чашмаи ҳайвону хоки ғолиябӯӣ.

Туро ки дард набошад, зи дарди мо чӣ тафовут?
Ту ҳоли ташна надонӣ, ки бар канораи ҷӯӣ.

Сабои равзаи ризвон, надонамат, ки чӣ бодӣ,
Насими ваъдаи ҷонон, надонамат, ки чӣ бӯӣ.

Агар ман аз дили яктӯ бароварам дами ишқе,
Аҷаб мадор, ки оташ дарафтадам ба дутӯӣ.

Ба кас магӯй, ки поям ба санги ишқ баромад,
Ки айб гираду гӯяд, чаро ба фарқ напӯӣ?

Диле ду дӯст нагирад, ду меҳр дил напазирад,
Агар мувофиқи ӯӣ, ба тарки хеш бигӯӣ.

Кунунам оби ҳаёте ба ҳалқи ташна фурӯ кун,
На он гаҳе ки бимирам, ба оби дида бишӯӣ.

Ба ихтиёри ту, Саъдӣ, чӣ илтимос барояд?
Гар ӯ мурод набахшад, ту кистӣ, ки биҷӯӣ?