Кай ба даъво тоби он рӯйи чу маҳ дорад чароғ

Кай ба даъво тоби он рӯйи чу маҳ дорад чароғ,
Бояд имшаб пояи худро нигаҳ дорад чароғ.

Меравад бо оҳи оташнок дил бар зулфи ту,
Ҳамчу он раҳрав, ки дар шаб пеши раҳ дорад чароғ.

Шамъи рухсори туро гирад ба даъво дар забон,
Дар забон афтода оташ з-ин гунаҳ дорад чароғ.

Аз шикофи сина бар дил мефитад з-он рух фурӯғ,
Хонаи вайрон, бале, аз нури маҳ дорад чароғ.

Соқии мо рух намуд, ай шамъ, биншин гӯшае,
З-он ки ин базм аз фурӯғи субҳгаҳ дорад чароғ.

Вақти пири раҳбари мо хуш, ки дар шабҳои тор,
Аз майи равшан ба кунҷи хонақаҳ дорад чароғ.

Шуълаҳои оҳи Ҷомӣ нест ҷуз айёми ҳаҷр,
Ҳар кас, оре, баҳри шабҳои сияҳ дорад чароғ.