Камони сахт кӣ дод он латифбозуро

19

Камони сахт кӣ дод он латифбозуро,
Ки тири ғамза тамом аст сайди оҳуро.

Ҳазор сайди дилат пеши тир боз ояд,
Бад-ин сифат, ки ту дорӣ камони абрӯро.

Ту худ ба ҷавшану баргуставон1 на муҳтоҷӣ,
Ки рӯзи маърака бар худ зиреҳ кунӣ мӯро.

Диёри Ҳинду ақолими Турк биспоранд,
Чу чашми турки ту бинанду зулфи ҳиндуро.

Муғон, ки хидмати бут мекунанд дар Фархор,
Надидаанд магар дилбарони бутрӯро?

Ҳисори қалъаи боғӣ2 ба манҷаниқ надеҳ,
Ба боми қаср барафкан каманди гесӯро.

Маро, ки узлати анқо гирифтаме ҳама умр,
Чунон асир гирифтӣ, ки боз тиҳуро.

Лабат бидидаму лаълам биуфтод аз чашм,
Сухан бигуфтию қимат бирафт луълуро3.

Баҳои руи ту бозори моҳу хур бишикаст,
Чунон ки муъҷизи Мӯсо тилисми ҷодуро.

Ба ранҷ бурдани беҳуда ганҷ натвон бурд,
Ки бахтрост фазилат, на зӯри бозуро.

Ба ишқи рӯи накӯ дил касе диҳад, Саъдӣ,
Ки эҳтимол кунад4 хӯи зишту некӯро.


1 Зиреҳе, ки дар ҷанг пӯшанд ва аспро низ пӯшонанд.
2 Золим, ситамгар.
3 Марворид.
4 Таҳаммул.