Карам бину лутфи Худовандгор

Карам бину лутфи Худовандгор,
Гунаҳ банда кардасту Ӯ шармсор.

Бахшандагиву бузургворӣ ва лутфу меҳрубонии бе ҳадду канори Худовандро нисбати бандагонаш бубин, ки бо вуҷуди он, ки гуноҳу хато аз банда сар задааст, Ӯ (аз дидани зорию илтимоси бандааш ҳаё карда), худ ба ҷойи бандааш шарм медорад (ва гуноҳи ӯро мебахшад).