Карашмае куну бозори соҳирӣ бишикан

399

Карашмае куну бозори соҳирӣ бишикан,
Ба ғамза равнақи номуси Сомирӣ бишикан.

Ба бод деҳ сару дастори оламе, яъне
Кулоҳгӯша ба ойини сарварӣ бишикан.

Ба зулф гӯй, ки ойини саркашӣ бигузор,
Ба ғамза гӯй, ки қалби ситамгарӣ бишикан.

Бурун хирому бибар гӯйи хубӣ аз ҳама кас,
Сазои ҳур бидеҳ, равнақи парӣ бишикан.

Ба оҳувони назар шери офтоб бигир,
Ба абрувони дуто қавси Муштарӣ бишикан.

Чу атрсой шавад зулфи сунбул аз дами бод,
Ту қиматаш ба сари зулфи анбарӣ бишикан.

Чу андалеб фасоҳат фурӯшад, эй Ҳофиз,
Ту қадри ӯ ба сухангуфтани дарӣ бишикан.