Касе, к-афтад назар бар шакли он сарви қабопӯшаш

Касе, к-афтад назар бар шакли он сарви қабопӯшаш,
Зи сина сабру аз дил тоқату аз ҷон равад ҳушаш.

Балои ҷони ман шуд ёди он бадхӯ, намедонам
Чӣ созам чора, к-аз хотир кунам як дам фаромӯшаш.

Зи дур он лаб ба сабзӣ мезанад, наздик шуд, гӯйӣ,
Ки гирад сабзаи навруста гирди чашмаи нӯшаш.

Хаёлашро зи дида ҷой дар дил мекунам шабҳо,
Нахоҳам мардумони дидаро хуфтан дар оғӯшаш.

Зи рашки лола мемирам, ки ман дар гӯшае танҳо
Ҳамесӯзам ба доғи ҳаҷру ӯ ҷо карда дар гӯшаш.

Маро раҳ не, ки дар кӯяш ниҳам паҳлӯ ба деворе,
Рақибони сияҳдил хуш нишаста дӯш бар дӯшаш.

Намудӣ рух, макун манъ аз суруди шавқ Ҷомиро,
Чу булбул ҷилваи гул дид, натвон сохт хомӯшаш.