Касе, к-ӯ шаб ба болини мани бемор мегардад

Касе, к-ӯ шаб ба болини мани бемор мегардад,
Дилаш аз нолаҳои зори ман афгор мегардад.

Ғами ман хур, Худоро, пештар з-он дам, ки гӯяндат,
Фалон девонагашта гирди ҳар бозор мегардад.

Рухат бинмо, ки бар ман ҷон супурдан дар дами охир
Зи маҳрумии дидор инчунин душвор мегардад.

Хуш он рӯзе, ки гуфтӣ бо рафиқон, чун маро дидӣ,
Ки ин мискин чаро дар кӯйи мо бисёр мегардад.

Аҷал бас нест гӯйӣ баҳри хунрези дилафгорон,
Ки бо он доғи ҳиҷрони ту акнун ёр мегардад.

Маҳи мақсуд рӯй аз матлаи уммед нанмояд,
Ба рағми ман чунин, к-ин чархи каҷрафтор мегардад.

Ба кӯят хок шуд ошиқ, вале бо сад ғаму ҳасрат
Ҳанӯзаш ҷон ба гирди он дару девор мегардад.

Ту хуш бар маснади роҳат ба хоби нозиву Ҷомӣ
Ба гирди кӯйи ту то субҳдам бедор мегардад.