Кас ба чашмам дарнамеояд, ки гӯям мисли ӯст

92

Кас ба чашмам дарнамеояд, ки гӯям мисли ӯст,
Худ ба чашми ошиқон сурат набандад мисли дӯст.

Ҳар кӣ бо мастон нишинад, тарки мастурӣ кунад,
Обрӯи некномон дар харобот оби ҷӯст.

Ҷуз худовандони маъниро нағалтонад самоъ,
Аввалат мағзе бибояд, то бурун оӣ зи пӯст.

Бандаам, гӯ, тоҷ хоҳӣ бар сарам неҳ ё табар,
Ҳар чӣ пеши ошиқон ояд зи маъшуқон, накӯст.

Ақл боре хусравӣ мекард бар мулки вуҷуд,
Боз чун Фарҳод ошиқ бар лаби ширини ӯст.

Анбарин чавгони зулфашро гар истиқсо1 кунӣ,
Зери ҳар мӯе диле бинӣ, ки саргардон чу гӯст.

Саъдиё, чандон ки хоҳӣ гуфт васфи рӯи ёр,
Ҳусни гул беш аз қиёси булбули бисёргӯст.


1 Ҷустуҷӯ барои расидан ба маънии ҳақиқии чизе.