Кас висолат чунин нахост, ки ман

Кас висолат чунин нахост, ки ман
В-аз фироқат чунин накост, ки ман.

Гуфтаӣ бар рухам кӣ ошиқтар?
Чеҳраи зарди ман гувост, ки ман.

Ҳама кас мубталои туст, вале
На бад-ин гуна мубталост, ки ман.

Дил, ки дармондаи ҷудоии туст,
На чунон аз дарат ҷудост, ки ман.

Кист, гуфтам, ба ростӣ чу қадат,
Сарв боло кашид рост, ки ман!

Бе ту ҳастам миёни оташу об,
К-аз дилу дида умрҳост, ки ман.

Гуфт: – Ҷомӣ, кӣ меравад сӯйи дӯст?
Боди субҳ аз миёна хост, ки ман.