Кас ин кунад, ки зи ёру диёр баргардад?

161

Кас ин кунад, ки зи ёру диёр баргардад?
Кунад ҳар оина, чун рӯзгор баргардад.

Тунукдиле1, ки наёрад кашид заҳмати гул,
Маломаташ накунанд, ар зи хор баргардад.

Ба ҷанги хасм касе, к-аз ҳиял2 фурӯ монад,
Зарурат аст, ки бечоравор баргардад.

Ба оби теғи аҷал ташна аст мурғи дилам,
Ки нимкушта ба хун чанд бор баргардад?

Ба зери санги ҳаводис касе чӣ чора кунад,
Ҷуз ин қадар, ки ба паҳлу чу мор баргардад?

Дилам намонд, пас, ин хуни чист ҳар соат,
Ки дар ду дидаи ёқутбор баргардад?

Гар аз диёр ба ваҳшат малул шуд Саъдӣ,
Гумон мабар, ки ба маънӣ зи ёр баргардад.


1 Нозукдил, камҳавсала.
2 Ҷамъи ҳила, чора.