Кас надидаст ба ширинию лутфу нозаш

325

Кас надидаст ба ширинию лутфу нозаш,
Кас набинад, ки нахоҳад, ки бибинад бозаш.

Мутриби моро дардест, ки хуш менолад,
Мурғи ошиқ тарабангез бувад овозаш.

Борҳо дар дилам омад, ки бипӯшам ғами ишқ,
Обгина натавонад, ки бипӯшад розаш.

Мурғи парранда агар дар қафасе пир шавад,
Ҳамчунон табъ фаромуш накунад парвозаш.

То чӣ кардем дигарбора, ки ширин лаби дӯст
Ба сухан боз намебошаду чашм аз нозаш.

Ман дуо гӯям, агар ту ҳама дашном диҳӣ,
Банда хидмат бикунад, в-ар накунанд эъзозаш.

Ғарқи дарёи ғаматро рамақе беш намонд,
Охир, акнун ки бикуштӣ, ба канор андозаш.

Хуни Саъдӣ кам аз он аст, ки даст олоӣ,
Малах он қадр надорад, ки бигирад бозаш.