Кашид ин дил гиребонам ба сӯйи кӯйи он ёрам

496

Кашид ин дил гиребонам ба сӯйи кӯйи он ёрам,
Дар он кӯе, ки май хурдам, гарав шуд кафшу дасторам.

Зи ақли худ чу рафтам ман, сари зулфаш гирифтам ман,
Кунун дар ҳалқаи зулфаш гирифторам, гирифторам.

Чу ҳар дам май фузун бошад, бибин ҳолам, ки чун бошад,
Чунон майҳои садсола, чунин ақле, ки ман дорам.

Бигӯям дар чунон мастӣ, ниҳон кун сир, зи ман растӣ,
Мусалмонон, дар ин ҳолат чи пинҳон монд асрорам?

Маро мегӯяд он дилбар, ки аз ошиқ фано хуштар,
Нигоро, чанд биштобӣ, на охир андар ин корам?

Чу абри навбаҳорӣ ман чи хуш гирёну хандонам,
Аз он майҳои корӣ ман чи хуш беҳуши ҳушёрам!

Чу Анқо кӯҳи Қоферо ту паррон бинӣ аз ишқаш,
Агар он кӣ хабар ёбад зи лаъли ёри айёрам.

Манам чун осмон дутӯ зи ишқи Шамси Табрезӣ,
Бизан ту захма оҳиста, ки то барнагсилад торам.