Кибр яксӯ ниҳ, агар шоҳиди дарвешонӣ

614

Кибр яксӯ ниҳ, агар шоҳиди дарвешонӣ,
Деви хуштабъ беҳ аз ҳури гиреҳпешонӣ.

Орзу мекунадам бо ту даме дар бустон,
Ё ба ҳар гӯша, ки бошад, ки ту худ бустонӣ.

Бо мани куштаи ҳиҷрон нафасе хуш бинишин,
То магар зинда шавам з-он нафаси рӯҳонӣ.

Гар дар офоқ бигардӣ, ба ҷуз оина туро
Сурати кас нанамояд, ки бад-ӯ мемонӣ.

Ҳеч давроне бе фитна нагӯянд, ки буд,
Ту бад-ин ҳусн магар фитнаи ин давронӣ?

Мардум аз тарси Худо саҷдаи рӯят накунанд,
Бомдодат ки бибинанду ман аз ҳайронӣ.

Гарам аз пеш биронию ба шӯхӣ наравам,
Афв фармой, ки аҷз аст, на бефармоӣ.

На гузир аст маро аз ту, на имкони гурез,
Чора сабр аст, ки ҳам дардию ҳам дармонӣ.

Бандагонро набувад ҷуз ғами озодию ман
Подшоҳӣ кунамат, бандаи хешам хонӣ.

З-ин суханҳои диловез, ки шарти ғами туст,
Хирмане дораму тарсам, ба ҷаве настонӣ.

Ту, ки як рӯз пароканда набудаст дилат,
Сурати ҳоли парокандадилон кай донӣ?

Нафасе банданавозӣ куну биншин, арчанд
Оташе нест, ки ӯро ба даме биншонӣ.

Сухани зиндадилон гӯш кун аз куштаи хеш,
Чун дилам зинда набошад, ки ту дар вай ҷонӣ.

Ин тавонӣ, ки наёӣ зи дили Саъдӣ боз,
Лек берунраве аз хотири ӯ натвонӣ.