Кист дар ин шаҳр, ки ӯ маст нест?!

170

Кист дар ин шаҳр, ки ӯ маст нест?!
Кист дар ин давр, к — аз ин даст нест?!

Кист, ки аз дамдамаи рӯҳи қудс
Ҳомила чун Марями обаст Нест?!

Кист, ки ҳар соъат панҷоҳ бор
Бастаи он турраи чун шаст нест?!

Чист дар он маҷлиси болои чарх
Аз майу шоҳид, ки дар ин паст нест?!

Менаҳилад май, ки хирад дам занад,
То бинагӯянд, ки пайваст нест!

Ҷон бари ӯ баста шуду ланг монд,
З-он ки аз ин ҷо-ш бурунҷаст нест!

Булъаҷаби булъаҷабонро нигар,
Ҳеч ту дидӣ, ки касе ҳаст, Нест?!

Барпарад он дил, ки параш шаҳ шикаст,
Бар сари ин чарх, к-аш ишкаст нест?!

Нест шаву вораҳ аз ин гуфтугӯй,
Кист, к-аз ин нотиқа вораст нест?!