Кист, к-аз ушшоқ пайғоме расонад ёрро

Кист, к-аз ушшоқ пайғоме расонад ёрро,
В-аз фаромӯшон диҳад ёд он фаромушкорро.

Шуд дилам озурдаи захми ғами ҳиҷрон, куҷост
Марҳами васле, ки аз дил чинад ин озорро?

З-ашки хунин сурхрӯйиҳост пеши мардумам,
Ҳақгузорӣ чун кунам ин дидаи хунборро.

Хун аз он гирям зи ҳаҷри ӯ, ки дар хун ғарқа беҳ
Дида, к-ӯ лоиқ набошад давлати дидорро.

Пор гуфт он маҳ бароям: – Бо ту хуш соли дигар!
Шуд чунон, к-имсол андар хоб бинам порро.

Баҳри худ номи саги он дар нахоҳам орият,
Чун писандам бар шиори давлаташ ин орро.

Сар ба болини ҷудоӣ дид Ҷомиро табиб,
Гуфт: – Ҷуз мурдан илоҷе нест ин беморро.