Кист, к-аз хун пуррақам бинад рухи зарди маро

Кист, к-аз хун пуррақам бинад рухи зарди маро,
Бар ту хонад ҳарф-ҳарф ин номаи дарди маро?

Мешавад борони ашкам жола бар кишти умед,
Хосият ин аст дур аз ту дами сарди маро.

Дасти уммеди ман аз домони васлат нагсалад,
Гар диҳад гардун ба боди нестӣ гарди маро.

Ҷуз диле н-ояд бурун з-андӯҳи ишқат сад шикоф,
Гар шикофӣ синаи андӯҳи пурдарди маро.

Хӯрдаме шабҳо ба хоб аз лаъли ту ҷоми тараб,
Бурд тороҷи ғамат ҳам обу ҳам х(в)арди маро.

Синаи пурмеҳри ту овардам аз роҳи адам,
Оҳ, агар табъи ту напсандад раҳоварди маро.

Дошт саргардон ба сони Ҷомиям фикри ҷаҳон,
Банд бошад ишқи ту фикри ҷаҳонгарди маро.