Кист он, к-иш сари пайванди ту дар хотир нест

115

Кист он, к-иш1 сари пайванди ту дар хотир нест,
Ё назар бо ту надорад, магараш нозир нест?

На ҳалол аст, ки дидори ту бинад ҳар кас,
Ки ҳаром аст бар он, к-иш назаре тоҳир нест.

Ҳама касро магар ин завқ набошад, ки маро,
К-он чи ман менигарам, бар дигаре зоҳир нест.

Ҳар шабе рӯзею ҳар рӯз заволе дорад,
Шаби васли ману маъшуқи маро охир нест.

Ҳар кӣ бо ғамзаи хубон сару коре дорад,
Сустмеҳр аст, ки бар доғи ҷафо собир нест.

Ҳар кӣ сарпанҷаи махзуби ту бинад, гӯяд:
Гар бар ин даст касе кушта шавад, нодир нест.

Сари мӯем назар кун, ки ман андар тани хеш
Як сари мӯй надонам, ки туро зокир нест.

Ҳама донанд, ки савдозадаи дилшударо
Чора сабр аст, валекин чӣ кунад? Қодир нест.

Гуфта будам: Ғами дил бо ту бигӯям чанде,
Ба забон чанд бигӯям, ки дилам ҳозир нест?

Гар ман аз чашми ҳама халқ бияфтам, саҳл аст,
Ту мапиндор, ки махзули2 туро носир3 нест.

Илтифот аз ҳама олам ба ту дорад Саъдӣ,
Ҳиммате, к-он ба ту масруф бувад, қосир4 нест.


1 Кӣ ҷамъи аш, ки ӯро.
2 Хоркардашуда, забунгардида.
3 Ёру ёвар.
4 Кӯтоҳ, ночиз.