Киям ман, ки васлат таманно кунам

Киям ман, ки васлат таманно кунам,
Бад-ин дида рӯят тамошо кунам.

Ҳамин бас, ки аз худ гирифта канор,
Миёни сагони дарат ҷо кунам.

Амома1 маро дарди сар медиҳад,
Ба ҳар ҳила онро зи сар во кунам.

Зи фарқи худаш баҳри дурдикашон
Фуруд ораму дард боло кунам.

Ниҳам субҳа з-ангушту хирқа зи пушт,
Ба он ҳар чӣ бояд, муҳайё кунам.

Ба субҳа2 харам донае чанд нуқл
Куҳанхирқаро раҳни саҳбо кунам.

Чу Ҷомӣ пайи ёри яктои хеш
Дили худ зи ҳар чиз якто кунам.


1 Амома (аммома) – салла, дастор.
2 Субҳа – тасбеҳ.