Кори ҳама муҳиббон ҳамчун зар аст имшаб

77

Кори ҳама муҳиббон ҳамчун зар аст имшаб,
Ҷони ҳама ҳасудон кӯру кар аст имша!

Дарёи ҳусни Эзад чун мавҷ мехиромад,
Хоки раҳ аз қудумаш чун анбар аст имшаб!

Дойим хушем бо вай, аммо, ба фазли Яздон,
Мо дигарем имшаб, ӯ дигар аст имшаб!

Имшаб махусб, ай дил, мерон ба сӯйи манзил,
К — он нозири ниҳонӣ бар манзар аст имша!

Паҳлӯ маниҳ, ки ёре паҳлӯйи туст, оре,
Баргир сар, ки ин сар хуш з-он сар аст имшаб!

Чун дастгир омад, имшаб бигир дасте
Рақсе, ки шохи давлат сабзу тар аст имшаб!

Валлаҳ, ки хоб имшаб бар ман ҳаром бошад,
К-ин ҷон чу мурғи обӣ дар Кавсар аст имшаб!