Кош, к-он дилбари айёр, ки ман куштаи ӯям

440

Кош, к-он дилбари айёр, ки ман куштаи ӯям,
Бори дигар бигузаштӣ, ки кунад зинда ба бӯям.

Тарки ман гуфту ба таркаш натавонам, ки бигӯям,
Чӣ кунам, нест диле чун дили ӯ з-оҳану рӯям.

То қадам бошадам, андар қадамаш афтаму хезам,
То нафас монадам, андар ақабаш пурсаму пӯям.

Душмани хештанам ҳар нафас аз дӯстии ӯ,
То чӣ дид аз мани мискин, ки малул аст зи хӯям?

Лаби ӯ бар лаби ман, ин чӣ хаёл асту таманно?
Магар он гаҳ, ки кунад кӯзагар аз хок сабӯям.

Ҳама бар ман чӣ занӣ захми фироқ, эй маҳи хубон?
На манам танҳо, к-андар хами чавгони ту гӯям.

Ҳар куҷо соҳиби ҳуснест, сано гуфтаму васфаш,
Ту чунон соҳиби ҳуснӣ, ки надонам, ки чӣ гӯям.

Дӯш мегуфт, ки Саъдӣ ғами мо ҳеч надорад,
Менадонад, ки гарам сар биравад, даст нашӯям.