Кунунат, ки имкони гуфтор ҳаст

Кунунат, ки имкони гуфтор ҳаст,
Бигӯй, эй бародар ба лутфу хушӣ.
Ки фардо чу пайки аҷал даррасад,
Ба ҳукми зарурат забон даркашӣ.

Эй бародар, ҳоло ки ту (зиндаӣ ва) имконияти сухан гуфтан дорӣ (ва шахси сухандон низ ҳастӣ), хомӯш мабош ва суханони хушу латиф (ва пандомез) бигӯй, зеро фардо, ки хабари маргат расад ё қосиди марг (Азроил) ба суроғи ту биёяд (ва ҷони туро бигирад), ночор забонат баста мешавад (ва аз гуфтор мемонӣ).