Куҳан шавад ҳама касро ба рӯзгор иродат

33

Куҳан шавад ҳама касро ба рӯзгор иродат,
Магар маро, ки ҳамон ишқи аввал асту зиёдат.

Гарам ҷавоз набошад ба пешгоҳи қабулат,
Куҷо равам, ки намирам бар остони ибодат?

Маро ба рӯзи қиёмат магар ҳисоб набошад,
Ки ҳаҷру васли ту дидам, чӣ ҷои мавту иъодат1?

Шунидамат, ки назар мекунӣ ба ҳоли заъифон,
Табам гирифту дилам хуш ба интизори иёдат.

Гарам ба гӯшаи чашме шикаставор бибинӣ,
Фалак шавам ба бузургию Муштарӣ2 ба саодат.

Биёямат, ки бибинам, кадом заҳраву3 ёро?
Равам, ки бе ту нишинам, кадом сабру ҷалодат4?

Маро ҳар оина рӯзе тамом кушта бибинӣ,
Гирифта домани қотил ба ҳар ду дасти иродат.

Агар ҷанозаи Саъдӣ ба кӯи дӯст бароранд,
Зиҳӣ ҳаёти накӯному рафтане ба шаҳодат.


1 Бозгашт.
2 Ситорае, ки саъд аст.
3 Ҷуръат.
4 Далерӣ, чолокӣ.