Ку ҳама лутф, ки дар рӯйи ту дидам ҳама шаб?!

74

Ку ҳама лутф, ки дар рӯйи ту дидам ҳама шаб?!
В-он ҳадиси чу шакар аз ту шунидам ҳама шаб?!

Гарчи аз шамъи ту месӯхт чу парвона дилам,
Гирди шамъи рухи хуби ту паридам ҳама шаб!

Шаб ба пеши рухи чун моҳи ту чодар мебаст,
Ман чу маҳ чодари шаб мебидаридам ҳама шаб!

Ҷон зи завқи ту чу гурба лаби худ мелесид,
Ман чу тифлон сари ангушт газидам ҳама шаб!

Сина чун хонаи занбӯр пур аз машғала буд,
К-аз ту, ай кони асал, шаҳд кашидам ҳама шаб!

Доми шаб омаду ҷонҳои халойиқ бирабуд,
Чун дили мурғ дар он дом тапидам ҳама шаб!

Он ки ҷонҳо чу кабӯтар ҳама дар ҳукми ваянд,
Андар он дом мар ӯро талабидам ҳама шаб!