Кӣ баргузашт, ки гӯӣ абир меояд?

288

Кӣ баргузашт, ки гӯӣ абир меояд?
Кӣ меравад, ки чунин дилпазир меояд?

Нишони Юсуфи гумкарда медиҳад Яъқуб,
Магар зи Миср ба Канъон башир1 меояд?!

Зи даст рафтаму бедидагон намедонанд,
Ки захмҳои назар бар басир меояд.

Ҳамехиромаду ақлам ба тамъ мегӯяд:
Назар бидӯз, ки он беназир меояд.

Ҷамоли Каъба чунон медавонадам ба нишот,
Ки хорҳои муғелон ҳарир меояд.

На ончунон ба ту машғулам, эй биҳиштирӯй,
Ки ёди хештанам дар замир меояд.

Зи диданат натавонам, ки дида дарбандам,
В-агар муқобила бинам, ки тир меояд.

Ҳазор ҷомаи маънӣ, ки ман барандозам,
Ба қомате ки ту дорӣ, қасир2 меояд.

Ба куштан омада буд, он ки муддаъӣ пиндошт,
Ки раҳмате магараш бар асир меояд.

Расид нолаи Саъдӣ ба ҳар кӣ дар офоқ,
Ҳам оташе задаӣ, то нафир меояд.


1 Муждарасон, башоратдиҳанда.
2 Кӯтоҳ.