Кӣ дасти ташна мегирад ба обе?

520

Кӣ дасти ташна мегирад ба обе?
Худовандони фазл, охир, савобе!

Таваққуъ дорам аз ширин забонат,
Агар талх асту гар ширин ҷавобе.

Ту худ н-оӣ, в-агар оӣ бари ман,
Бад-он монад, ки ганҷе дар харобе.

Ба чашмонат, ки гар заҳрам фиристӣ,
Чунон нӯшам, ки ширинтар шаробе.

Агар сарве ба болои ту бошад,
Набошад бар сари сарв офтобе.

Парирӯй аз назар ғоиб нагардад,
Агар сад бор барбандад ниқобе.

Бад-он то як нафас рӯят бибинам,
Шабу рӯз орзумандам ба хобе.

Умедам ҳаст, агар атшон намирад,
Ки боз ояд ба ҷӯи рафта обе.

Ҳалоки хештан мехоҳад он боз,
Ки хоҳад панҷа кардан бо уқобе.

Шабе донам, ки дар зиндони ҳиҷрон
Саҳаргоҳам ба гӯш ояд хитобе,

Ки, Саъдӣ, чун фироқи мо кашидӣ,
Нахоҳӣ дид дар дӯзах азобе.