Лаб бозмагир як замон аз лаби ҷом

28

Лаб бозмагир як замон аз лаби ҷом,
То бистонӣ коми ҷаҳон аз лаби ҷом.
Дар ҷоми ҷаҳон чу талху ширин ба ҳам аст,
Ин аз лаби ёр хоҳу он аз лаби ҷом.