Лаззати ишқ фурӯ рафта маро дар рагу пай

Лаззати ишқ фурӯ рафта маро дар рагу пай,
Ишқ мегӯяму ҷон медиҳам аз лаззати вай.

Зикри тавба макун, ай шайх, ки бо бодафурӯш
Кардаам аҳд, ки дигар накунам тавба зи май.

Ҳиммат аз пири муғон хоҳ, ки аз худ бираҳӣ,
Ҷуз бад-он бадрақа мушкил шавад ин марҳала тай.

Ёр дар ҷону дилам дар талабаш саргардон,
Сайри Маҷнун суйи ҳар водиву Лайлӣ дар ҳай.

Шуъла зад оташи мо аз дами най, ай мутриб,
Ин чӣ дам буд, ки имрӯз дамидӣ дар най?

Накунӣ рақс, ки ман кӯҳи виқорам, ай шайх,
Пеши риндони сабукрӯҳ гаронӣ то кай?

Ҷомӣ авсофи майи соф наёрад гуфтан
В-арна файзаш расад аз ботини хум пайдарпай.