Лаъли сероби ба хун ташна лаби ёри ман аст

51

Лаъли сероби ба хун ташна лаби ёри ман аст
В-аз пайи дидани ӯ додани ҷон кори ман аст.

Шарм аз он чашми сияҳ бодашу мижгони дароз,
Ҳар кӣ дил бурдани ӯ диду дар инкори ман аст.

Сорвон рахт ба дарвоза мабар, к-он сари кӯй
Шоҳроҳест, ки манзилгаҳи дилдори ман аст.

Бандаи толеъи хешам, ки дар ин қаҳти вафо
Ишқи он лӯлии сармаст харидори ман аст.

Таблаи атри гулу дурҷи абирафшонаш
Файзи як шамма зи бӯйи хуши аттори ман аст.

Боғбон, ҳамчу насимам зи дари хеш марон,
К-оби гулзори ту аз ашки чу гулнори ман аст.

Шарбати қанду гулоб аз лаби ёрам фармуд
Наргиси ӯ, ки табиби дили бемори ман аст.

Он ки дар тарзи ғазал нукта ба Ҳофиз омӯхт,
Ёри ширинсухани нодирагуфтори ман аст.