Лақад саъида-д-дунё биҳи дома саъдуҳу

Лақад саъида-д-дунё биҳи дома саъдуҳу,
Ва аййадаҳу-л-мавло би алвиятин наср(и).
Казолика яншаъу линатун ҳува ирқуҳо,
Ва ҳусну наботи-л-арзи мин карамил базри.

(Ин ду байт аз яке аз қасидаҳои арабии Саъдист, ки матни комили он дар «Куллиёти Саъдӣ», чопи Теҳрон, 1320 ҳ.ш., саҳ. 94-95 омадааст ва тарҷумаи маъноии он чунин аст:)

Ба ростӣ, ин дунё ба сабаби вуҷуду фаъолиятҳои ӯ (Абӯбакр ибни Саъд) ба хушбахтию саъодат расид ва (бигзор) саъодаташ поянда бод ва Худованд ӯро бо парчамҳои пирӯзӣ ёрӣ диҳад (ва ҳамеша пирӯз бошад.) Ва нахли наврустаи ӯ, яъне фарзанди Абӯбакр ибни Саъд, ки аз решаи баланди вай аст, низ мисли худи ӯ (бобаракату босаодат) хоҳад шуд, зеро хубии гиёҳони рӯи замин аз хубии тухмаи гиёҳ вобаста аст. Яъне, аз чунин подшоҳе нек фарзанде нек мерӯяд.