Лола бин дар Бесутун чун ғарқи хун афтодааст

Лола бин дар Бесутун чун ғарқи хун афтодааст,
Гӯйи аз кон оташин лаъле бурун афтодааст.

Не ғалат карадам, ки аз сӯзи даруни Кӯҳкан
Шуъла дар домони кӯҳи Бесутун афтодааст.

Чун раҳам аз зулфи мушкинат, ки дар ҳар ҳалқааш
Сад дили доно ба занҷири ҷунун афтодааст.

Рӯзам аз бемеҳрият шаб гашту он шабро шафақ
Бар рухи зардам сиришки лолагун афтодааст.

Бори ҳиҷрони ту чун санҷам, ки ин бори гарон
Аз тарозуи қиёси ман фузун афтодааст.

Дил, ки метобад ба рӯ, рӯят зи роҳи дида ҳаст
Хонае, к–аз равзани он маҳ дарун афтодааст.

Тавқдорони ғамат гарданкашони оламанд,
Дар миёни он ҳама Ҷомӣ забун афтодааст.