Ҷуз вай чӣ бошад, к-аз аҷал андаррабояд кулли мо?!
Бо ақли худ гар ҷуфтаме, ман гуфтаниҳо гуфтаме,
Хомӯш кун, то нашнавад ин гуфтаро боди ҳаво!
Бо ақли худ гар ҷуфтаме, ман гуфтаниҳо гуфтаме,
Хомӯш кун, то нашнавад ин гуфтаро боди ҳаво!
Ай фитнаи Руму Ҳабаш, ҳайрон шудам, ч-ин бӯйи х(в)аш
Пироҳани Юсуф бувад ё худ ридои Мустафо?!
Ҷонро дарафкан дар адам, зеро нашояд, ай санам,
Ту муҳташам, ӯ муҳташам, чизе бидиҳ дарвешро!
Омад зи ҷон бонги дуҳул, то ҷузвҳо ояд ба кул,
Райҳон ба райҳон, гул ба гул аз ҳабси хористони мо!
Барбанд лаб ҳамчун садаф, мастӣ, маё дар пеши саф,
То боз оянд ин тараф аз ғайб ҳушёрони мо!
Хомӯш, к-имшаб матбахӣ шоҳ аст аз фаррухрухӣ,
Ин нодира, ки мепазад ҳалвои мо, ҳалвои мо!
Бас бувад, ай нотиқи ҷон, чанд аз ин гуфти забон,
Чанд занӣ табли баён, бе даму гуфтор биё!
Ин тан агар кам танаде, роҳи дилам кам занадӣ,
Роҳ шудӣ, то набудӣ ин ҳама гуфтор маро!
Ман, Хамушам, хастагулӯ, орифи гӯянда, бигӯ,
З-он ки ту Довуддамӣ, ман чу куҳам рафта зи ҷо!
Муфтаъилун, муфтаъилун, муфтаъилун, муфтаъилун,
Дар макушову кам намо гулшани наврасидаро!
Бин, ки чи хоҳӣ кардано, бин, ки чӣ хоҳӣ кардано,
Гардан дароз кардаӣ, пунба бихоҳӣ х(в)ардано!».
Ай ту ба нур мустақил в-ай зи ту ахтарон хиҷил,
Бас дудилӣ миёни дил з-абри гумон чаро, чаро?!
Чу аз ҳайрат гузар ёбад, сифот онро, ки дарёбад,
Хамуш, ки бас шикаста шуд иборатҳову ибратҳо!
Зи Шамсуддини Табрезӣ манам қосид ба хунрезӣ,
Ки ишқе ҳаст дар дастам, ки монад Зулфиқореро!
Сухан бод аст, ай банда, кунад дилро пароканда,
Валекин ӯ-ш фамояд, ки гирд овар парешонро!
Зи Шамсуддини Табрезӣ баногаҳ соқии давлат
Ба ҷоми хоси султонӣ мудом овард мастонро.
Шамсулҳақи Табрезӣ бо ғунчаи дил гӯяд:
«Чун боз шавад чашмат, бинанда шавӣ бо мо».
Шасулҳақи Табрезӣ, ай машриқи ту ҷонҳо,
Аз тобиши ту ёбад ин шамс ҳароратро!
Хомӯш, ки сармастам, барбаст касе дастам,
Андеша парешон шуд, то бод, чунин бодо!
Чун ҷон хамушем, аммо кай хусбад ҷон, ҷоно,
Ту бош забони мо, то рӯз машин аз по!
Хамӯшед, хамӯшед, ки то фош нагардед,
Ки ағёр гирифтаст чапу рост, Худоё!
Шамси Табрезӣ, туйӣ хуршед андар абри ҳарф,
Чун баромад офтобат, маҳв шуд гуфторҳо!
Шамси Табрезӣ, барор аз чоҳи мағриб машриқе,
Ҳамчу субҳе, к-ӯ барорад ханҷари мағмудро.
Шаҳ ба ҳақ чун Шамси Табрезист, сонӣ несташ,
Ноҳақеро асл гӯйӣ, шоҳро сонӣ чаро?!
То насӯзад ақли ман дар ишқи ту, дар ишқи ту,
Ғофилам, не оқилам, биё, биё, биё, биё!
Шаҳ Салоҳуддин, ки ту ҳам ҳозирӣ, ҳам ғойибӣ,
Ай аҷубай восилам, боре биё, рӯе намо!
Биталаб амну амонро, бигузин гӯши гаронро,
Бишунав роҳдиҳонро, макушо роҳи даҳонро!
Бирав, ай дили сабукрав, ба Яман, ба дилбари ман,
Бирасон салому хидмат ту ақиқи бебаҳоро!
Нигарон шавам бад-он сӯ, ки ту кардайӣ маро хӯ,
Ки равона бод он ҷӯ, ки равона шуд зи дарё!
Махдум Шамси дин аст, Табрез рашки Чин аст,
Андар баҳори ҳуснаш шоху шаҷар ба рақс о!
Аз Шамси дини чун маҳ Табрез ҳаст огаҳ,
Бишнав дуъову гаҳ — гаҳ омин кун ин дуъоро!
Аз қолаби намудаш рафт ойинай хирад хуш,
Чандон ки хоҳӣ, акнун мезан ту ин намадро!
Ошиқ хамӯш хуштар, дарё ба ҷӯш хуштар,
Чун ойинаст хуштар дар хомушӣ баёнҳо!
Ҷуғд найӣ, булбулӣ, аз чӣ дар ин манзилӣ?!
Боғу чаманро чӣ шуд, сабзаву сарву сабо?!
З-ин сухани булъаҷаб бастам ман ҳар ду лаб,
Лек фалак ҷумла шаб мезанадат ассало!
Чанд сухан монд, лек бегаҳу дер аст нек,
Ҳар чи ба шаб фавт шуд, орам фардо қазо!
Хамӯш бош, ки гуфтӣ басеву кас нашунид,
Ки ин дуҳул зи чӣ бом асту ин баён зи куҷо?!
Ба гуфт ҳеч наоям, чу пур бувад даҳанам,
Сари ҳадис нахорам, чи хуш бувад, ба Худо!
Даҳон бибанду амин бош дар сухандорӣ,
Ки шаҳ калиди хазина бари амин кашадо!
Буруни сурат агар лутфи маҳз додӣ рӯй,
Паямбарон зи чӣ гаштанд пардадор, чаро?!
Муборакии таборак надиму соқӣ бод,
Бар он ки кард омин, бар он ки кард дуъо!
Аз ту шуд бози сапед зоғи мову сори мо,
Бас куну дигар магӯ, к-ин бувад гуфтори мо!
Ай сарв гулистонро в-ай моҳ шабистонро,
Ин моҳпарастонро м-озор, махусб имшаб!
Шуд моҳ гувоҳи ман, истора силоҳи ман,
В-аз новаки истора, ай маҳ, сипарӣ имшаб!
Аз ҳаҷри ту парҳезам, дар ишқи ту бархезам,
Шамсулҳақи Табрезам, ай дӯст, махусб имшаб!
Ай боғи хуши хандон, бе ту ду ҷаҳон зиндон,
Онӣ туву садчандон, зинҳор махусб имшаб!
Хамуш кун, хатм кун, ай дил, чу дидӣ
Ки он хубӣ намегунҷад дар алқоб!
Баргҳо чун номаҳо, бар вай навишта хатти сабз,
Шарҳи он хатҳо биҷӯ аз индаҳу уммулкитоб!
Он ки ҷонҳо чу кабӯтар ҳама дар ҳукми ваянд,
Андар он дом мар ӯро талабидам ҳама шаб!
Хомӯш кун, ки томиъ алкан бувад ҳамеша,
Бо ӯ чи баҳс дорӣ, к-ӯ алкан аст имшаб?!
Валлаҳ, ки хоб имшаб бар ман ҳаром бошад,
К-ин ҷон чу мурғи обӣ дар Кавсар аст имшаб!
Хуршеди рӯйи мафхари Табрез — Шамси дин,
Андар паяш давон шуда дилҳои чун саҳоб!
Ҳазор борат гуфтам хамӯшу судат нест,
Яке биёру иваз гир сад ҳазор, махусб!
Зи ишқ кам гӯ бо ҷисмиён, ки эшонро
Вазифа хавфу риҷо омаду савобу ъиқоб!
Хусрави Шарқ Шамси дин аз Табрез чун расад,
Аз маҳу аз ситораҳо, валлаҳ, ор оядат!
Бикӯбед дуҳулҳову дигар ҳеч магӯед,
Чи ҷойи дилу ақл аст, ки ҷон низ рамидаст!
Маю соқӣ чӣ бошад, нест ҷуз Ҳақ,
Худо донад, ки ин ишқ аз чи боб аст!
Зи завқи захми тираш ин дили ман
Ба дандон гӯшаи таркаш гирифтаст!
Шаробу ишқу рангам ҳар се ғаммоз,
Яке пинҳон се ғаммоз, ин чи шева-ст?!
Чи қибла кардайӣ ин гуфтугӯро?!
Талаб кун, дарси хомӯшон кадом аст?!
Хамуш кун, зар диҳӣ, з-он дурнаёбӣ,
Вагар маҳрам шавӣ, бистон, ки муфт аст!
Хамуш кардам, ки ғайрат бар даҳонам
Лагом асту лагом асту лагом аст!
Чаро ин хол ҳамчун ташти хун аст,
Ки чашми соқии асрор маст аст?!
Шамси Табрезӣ чу шамъу шамъҳо парвонааш,
З-он ки андар айни дил ӯро аёне дигар аст!
Ҳамчу моҳӣ монда дар доми ҷаҳон з-он баҳр дур
В-онгаҳон пиндошта худро, ки андар шаст нест!
Шамси Табрезӣ, ба даврат ҳеч кас ҳушёр нест,
Кофару муъмин харобу зоҳиду хаммор маст!
Ёри мо ишқ асту ҳар кас дар ҷаҳон ёре гузид,
К-аз аласт ин ишқ бе мову шумо маст омадаст!
Шамси Табрез агар нест муқим андар чашм,
Чашмаи шаҳд аз ӯ дар буни ҳар дандон чист?!
Сар баровар зи миёни дили Шамси Табрез,
К-ӯ хидеви абаду хусрави ҳар фармон аст!
Ақл то маст нашуд, чуну чаро паст нашуд,
В-он ки ӯ маст шуд, аз чуну чаро раст, куҷост?!
Ҳар киро бӯйи гулистони висоли ту расид,
Ҳамчунин рақскунон то ба гулистон нанишаст!
Шамси Табрезӣ кушодаст ин гираҳ,
Ай аҷаб, ин қудрату имкони кист?!
Зи ту то ғайб ҳазорон сол аст,
Чу равӣ аз раҳи дил, як қадам аст!
Ошиқ чу масттар шуд, бар вай маломат ояд,
Зеро ки нуқли ин май набвад ба ҷуз маломат!
Хомуш, ки то бигӯяд беҳарфу безабон ӯ,
Худ чист ин забонҳо, гар он забон забон аст?!
Бинмой, Шамси мафхари Табрез, рӯ зи Шарқ,
Ман ҳудҳудам, ҳузури Сулаймонам орзуст!
Хомӯш бош, то сифати хеш худ кунад,
Ку ҳоюҳӯйи сарди ту, ку ҳоюҳӯйи дӯст?!
Хомуш, занах мазан, ки туро мурдашӯй нест,
Зоти туро мақом на панҷ асту не шаш аст!
Андар хаёли мафхари Табрез — Шамси дин
Мангар ту хор, к-он шаҳи хунхор нозук аст!
Ҳамчун қамар битофт зи Табрез Шамси дин,
Не, худ қамар чи бошад, к-он рӯй ақмар аст!
Дар дил хаёли хиттаи Табрез нақш баст,
К-он хонаи иҷобату дил хонаи дуъост!
Бифзо шароб хомушу моро хамӯш кун,
К-андар дарун нуҳуфтани ашё муборак аст!
Табрез чун биҳишт зи дидори Шамси дин,
Андар биҳишт рафтаву дидорам орзуст!
Обе бизан аз ин маю биншон ғубор ҳуш,
Ҷуз моҳи ишқ, ҳар чи бувад, ҷуз ғубор нест!
Хусрави ҷон Шамси дин — мафхари табрезиён,
Дар ду ҷаҳон ҳамчу ӯ шоҳи хушойин кирост?!
Омад мавҷи аласт, киштии қолаб бибаст,
Боз чу киштӣ шикаст, навбати васлу лиқост!
Аз суйи Табрез тофт Шамси ҳақу гуфтамаш:
«Нури ту ҳам муттасил бо ҳамаву ҳам ҷудост!»
Гуфт: «Хамуш, чанд — чанд лофи туву гуфти ту?!»,
Ман чӣ кунам, ай азиз, гуфтани бисёрам ӯст!
Мафхари табрезиён Шамси Ҳақ огаҳ бувад,
К-аз ғами ишқ ин танам бар масали мӯст, мӯст!
Нақди суханро бимон, сиккаи султон биҷӯ,
К-ай зари комилъиёр, нақди ту аз кори кист?!
Ай ғами шодишикан, пуршакар аст ин даҳан,
К-аз шакарогандагӣ мумкини гуфтор нест!
Лутф кун, ай кони қанд, роҳи даҳонам бибанд,
Уштури сармастро банди даҳан воҷиб аст!
Саҷда кунам пеши ёр, гӯяд дил: «Ҳуш дор,
Додани ҷон дар суҷуд ҷони ҳама саҷдаҳост!»
Ай хунук он ҷону дил, к-ӯ раҳад аз обу гил,
Гарчи дар ин обу гил дастгаҳи кимиёст!
Дар он ҳаво, ки худованд Шамси Табрезист,
На лофи чархаи чарх асту не самовот аст!
Хамуш кунем, ки то шарҳи он бигӯяд шоҳ,
Ки зинда шахси ҷаҳон з — он гузида талқин аст!
Маларз бар худ, то бар ту дигарон ларзанд,
Ба ҷони ту, ки туро душмане варои ту нест!
Назири он, ки низоме ба назм мегӯяд,
Ҷафо макун, ки маро тоқати ҷафои ту нест!
Биё ту – мафхари офоқ, Шамси Табрезӣ,
Ки ту ғариб маҳиву ғариб арконат!
Агар ту баҳр бибиниву мавҷ бар ту занад,
Яқин шавад, ки на бод аст, мулки обод аст!
Нишони ишқ шуд ин дил зи Шамси Табрезӣ,
Бибин, зи давлати ишқам нишонаро чӣ шудаст!
Нест шаву вораҳ аз ин гуфтугӯй,
Кист, к-аз ин нотиқа вораст нест?!
Хомуш баёни сир макун, хомуш, ки сирри мин ладан,
Чун мезанад андар ҳамаш, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ.
Ай Шамси Табрезӣ, ки ту аз пардаи шаб фориғӣ,
Лошарқиву лоғарбийӣ, акнун сухан кӯтоҳ шуд!
Хомуш кунам, фармон кунам в-ин шамъро пинҳон кунам,
Шамъе, ки андар нури ӯ хуршеду маҳ парвона шуд!
Хуршеди ҳақдил шарқи ӯ, шарқе, ки ҳар дам барқи ӯ
Бар пӯраи Адҳам ҷаҳад, бар Исии Марям занад!
Дилро фиристодам ба гаҳ, к-ӯ тез донад рафту раҳ,
То сӯйи Табрези вафо авсофи Шамсуддин кунад!
Имрӯз мастонро биҷӯ, ғайбам бибин, айбам магӯ,
Зеро зи мастиҳои ӯ ҳарфам парешон мерасад!
Не таб будам, не дарди сар, сар мезадам девор-бар,
К-аз таъми он хуш гулшакар, қосид дилам бемор шуд!
Ай шаҳ Ҳусомуддини мо, ай фахри ҷумла авлиё,
Ай аз ту ҷонҳо ошно, мастон саломат мекунанд.
Ай орзуи орзу, мастон саломат мекунанд,
Он пардаро бардор з-ӯ, мастон саломат мекунанд!
Чизе даҳонамро бибаст, яъне канори бому маст,
Ҳар чи ту з-он ҳайрон шавӣ, он чиз аз ӯ ҳайрон шавад!
Дил бехуд аз бодай азал мегуфт хуш-хуш ин ғазал:
«Гар май фурӯ гирад дамаш, ин дам аз ин хуштар занад!»
Хомуш куну ҳайрон нишин, ҳайрони ҳайратофарин,
Пухтасухан мардӣ, вале гуфтор хомат мекунад!
Хомӯш, к-ин гуфти забон дорад нишони фурқате,
Вар не, чу нон хояд фате, кай вақти нонгӯйӣ бувад?!
Чанд сифат мекунияш, чунки нагунҷад ба сифат,
Бас кун, то ман биравам бар сари шӯру шари худ!
Дар ғазалам ҷабру қадар ҳаст, аз ин ду бигузар,
З-он ки аз ин баҳс ба ҷуз шӯру шаре менашавад!
Роз ниҳон дору хамуш, в-ар хамушӣ талх бувад,
Он чи ҷигарсӯз бувад, боз ҷигарсоза шавад!
Чун бирасӣ ба кӯйи мо, хомушӣ аст хӯйи мо,
З-он ки зи гуфтугӯйи мо гарду ғубор мерасад!
Дар зуламоти ибтило сабр куну макун ибо,
К-оби ҳаёт Хизрро дар зуламот мерасад!
Ҳар чи бигӯям, ай санад, нест ҷудо зи неку бад,
Ҳам ту бигӯ ба лутфи х(в)ад, бе ту ба сар намешавад!
Аз Табрез Шамси дин даст дароз мекунад,
Сӯйи дилу дили ман аз дастрасе чӣ мешавад?!
Саҷда кунам ба ҳар нафас аз пайи шукри он, ки Ҳақ
Дар Табрез мар маро бандаи Шамси дин кунад!
Рози дили ту, Шамси дин, дар Табрез бишнавад,
Дур зи гӯшу ҷони ӯ, к-аз суханат гарон бувад!
Лутфи баҳор бишканад ранҷи хумори боғро,
Гарчи ҷафои дай кунун сӯйи хумор мекашад!
Аз Табрез Шамси дин сӯйи кӣ рой мекунад,
Баҳри чӣ мавҷ зад гуҳар, бар дари мо чи мекунад?!
Он турушии рӯйи ӯ абрсифат ҳамекунад,
Варна ҳаёту хуррамӣ боғу гиё чаро бувад?!
Хамуш чандон бинолидам, ки то сад қарн ин олам,
Дар ин ҳайҳои ман печад, бар ин ҳайҳоти ман гардад!
Чу завқи сӯхтан дидӣ, дигар нашкебӣ аз оташ,
Агар оби ҳаёт ояд, туро з-оташ наянгезад!
Ҷуз ин чарху замин дар ҷон аҷаб чарх асту бозоре,
Валек аз ғайрат он бозор дар асрор мемонад!
Зи ганҷи ишқ заррезанд, ғуломи Шамси Табрезанд,
Ва кони лаълу ёқутанду дар кон ҷони арконанд!
Ҳадиси ишқ ҷон гӯяд, ҳадиси раҳ равон гӯяд,
Ҳадиси сукр сар гӯяд, ҳадиси хун ҷигар гӯяд!
Чу ӯ аз ҳафтумин дарё ба кӯҳи Қоф рӯ орад.
Аз он дарё чи гавҳарҳо канори хок даррезад!
Нишони моҳ медидам, ба сад хона бигардидам,
Аз ин тафтиш бирҳонам, туро хона куҷо бошад?!
Салоҳуддин ба сайд омад, ҳама шерон бувад сайдаш,
Ғуломи ӯ касе бошад, ки аз ду кавн ҳур бошад!
Ҳало, бас кун, ҳало, бас кун, ки ин ишқе, ки бигзидӣ,
Нишоте медиҳад беғам, қабуле мекунад берад!
Салоҳуддини яъқубон, ҷавоҳирбахши заркӯбон,
Ки ӯ хуршеди асрор асту аъломилғуюб омад!
Чу кӯр афтод чашми дил, чу гӯш аз сиқл шуд пургил,
Ба ғайри хонаи васвос ҷойи кӯру кар чи бвад?!
Дару девори ин сина ҳамедаррад зи анбӯҳӣ,
Ки андар дар намегунҷад, пас аз девор меояд!
Хомӯш куну ҳар ҷо исрор макун пайдо,
Дар ҷамъи сабукрӯҳон ҳам Бӯлаҳабе бошад!
Бе гуфти забони ту, бе ҳарфу баёни ту,
Аз ботини ту гӯшат бишнида, муборак бод!
Алқоби Салоҳуддин бар лавҳ чу пайдо шуд,
Инсоф, басе миннат бар лавҳу қалам дорад!
Гар з-он, ки саге хусбад бар хоки сари кӯяш,
Шер аз ҳазари он саг бигзораду бигрезад!
Шамсулҳақи Табрезӣ, ронӣ ту чунон боло,
То ҷуз мани побарҷо худ дастмарас бошад!
Хомӯш куну чандин ғамхора машав охир,
Он нафс, ки шуд ошиқ, аммора нахоҳад шуд!
З-ин қибла биҷӯ нуре, то шамъи лаҳад бошад,
Он нур шавад гулшан, чун нури Худо омад!
Боғ аз дайи номаҳрам се моҳ намезад дам,
Бар бӯйи баҳори ту аз ғайб давид, омад!
Ай дил, чу дар ин ҷӯйӣ, пас об чӣ меҷӯйӣ?!
То чанд сало гӯйӣ, ҳангоми намоз омад!
З-ин шарҳ агар хоҳӣ аз Шамси Ҳақу шоҳӣ,
Табрез ҳама олам з-ӯ нури нав афшонад!
Чанго, ту саре баркун, дар ҳалқа сар андаркун,
Ту хеш тиҳитар кун, то чанг ба соз ояд!
Шамсулҳақи Табрезӣ, ҳар ҷо, ки кунӣ мақдам,
Он ҷову макон дар дам бе ҷову макон бошад!
Ҷонам зи пайи ишқи Шамсулҳақи Табрезӣ
Бе пой чу киштиҳо дар баҳр ҳамепӯяд!
Ғам гарчи бувад душман, гӯяд сири ӯ бо ман,
Бо мурғи дилам гӯяд: «Ку дом, куҷо дорад?!»
Шамсулҳақи Табрезӣ ҳам хусраву ҳам мир аст,
Пероҳани ҳар сабре з-он мир ҳамедаррад!
Аз мот ту қуте кун, ёқут шав ӯро ту,
То ӯ ту шавӣ, ту ӯ, ин ҳисну мафар бошад!
Хомуш куну хомуш кун, зеро ки зи амри кун
Он сактаи ҳайронӣ бар гуфт мазид омад!
Хамӯшед, хамӯшед, хамӯшӣ дами марг аст,
Ҳам аз зиндагист ин-к зи хомӯш нафиред!
Аз ёди ту буд он, ки Муҳаммад ба ишорат
Ғавғои ду нима шудан андар қамар афканд!
Гуфтанд: «Зи Шамсулҳақи Табрез чӣ дидед?»,
Гуфтем, к-аз он нур ба мо ин назар афтод!
Шамсулҳақи Табрез чу бикшод пари ишқ,
Ҷабрили аминро зи пайи хеш давон кард!
Хомуш куну бигзин ту яке ҷойи қароре,
К-он ҷо, ки гузинӣ, малак он ҷо-т нишонад!
Бо ин ҳама он ранҷи шумо ганҷи шумо бод,
Афсӯс, ки бар ганҷи шумо парда шумоед!
Шамсулҳақи Табрез расидаст, бигӯед,
К-аз чархи сафо он маҳи анвор баромад!
Ойина, ки Шамсулҳақи Табрез бисозад,
Зангор куҷо гираду сайқал ба чӣ бояд?!
Аз даъвати овози хушат бӯйи дил ояд,
Лаббайк занам, нафҳаи хуни ҷигар ояд!
Дар хоб кунӣ сӯхтагонро зи майи ишқ,
То ҷуз ту касе маҳрами асрор намонад!
Бибин, инҳо, ки симинбар гузиданд,
Ба рӯйи сурхи чун унноб рафтанд!
Шамси Табрезӣ, ту донӣ ҳолати мастони хеш,
Бе дилу дастам, Худовандо, агар тақсир буд!
Чунки ғамхоре набошад, сахт душвор аст ғам,
Ҳамнишин ғамхор боду баъд аз ин ғам хор бод!
Гар шабе хилват кунӣ, гӯям ман андар гӯши ту
Лутфҳоеро, ки бо мо шаҳ Салоҳуддин кунад!
Нақши Шамсуддини Табрезист ҷони ҷони ишқ,
К-ин ба дафтарҳои ишқ андар азал мастур буд!
Саркашему сархушему якдигарро мекушем,
Ин вуҷуди мо ҳамеша ҷозиби асрор бод!
Ишқ аз ӯ обистан асту ин чаҳор аз ишқи ӯ,
Ин ҷаҳон з-ин чор зоду в-ин чаҳор аз ишқ зод!
Гаҳ чу ҳукми Ҳақ дили ман қасди сарҳо мекунад,
Гаҳ чу мурғи сарбурида Аллаҳ-Аллаҳ мезанад!
Он ки аз ҳоҷат назар дорад ба косай ҳар касе,
Лутфи ӯ баргираду ҳамкосаи султон кунад!
Нест мегуфтем андар ҳаст, гуфт: «Оре, биё!»,
Ҳаст шуд олам аз ӯ, мавқуфи як оре-ш буд!
Чу Салоҳи дилу динро ҳама дидед, бигӯед,
Ки чи хуршеди аҷойиб, ки зи асрор баромад!
Чу асирӣ ба гаҳи ҳукм ба иқрору гувоҳе,
Тани сӯфӣ ба гувоҳийи дил иқрор бидонад!
Гуҳаре латифконӣ ба макони ломаконӣ,
Ба вай аст ишорати дил, чу ду дида ашк безад!
Ту биханд, ханда авло, ки равон шавӣ ба мавло,
Карамаш раво надорад, ба карим бадгумон шуд!
Ба муборакиву шодӣ чу ҷамоли ӯ бидидам,
Зи ҷамоли ӯ ду дида зи ду кавн бартар омад!
Бас кун, ин килк зи гуфтор раҳо кун пас аз ин,
То суханҳо ҳама аз ҷони мутаҳҳар гиранд!
Мурғи ҷон аз қафаси қолаби ман сер шудаст
В-аз умеди назари дӯст зи тан менаравад!
Шамси Табрез, туйӣ воқифи асрори расул,
Номи ширини ту ҳар гумшударо дармон бод!
Шох-шох аст дил аз ранги сари зулфи хушаш,
То чаро банди чунон мӯй сари шона барад?!
Бас куну сайд макун он, ки наярзад ба шикор,
Ки хаёли шабу шаб ҳам зи саҳар бигрезад!
Кори рӯбаҳ набувад ишқ, ки ҳар рӯбаҳро
Ҳамлаи шери нару кибри паланге набувад!
Ин муҷоботи Муҷир аст дар он қитъа, ки гуфт:
«Бар сари кӯйи ту ақл аз сари ҷон бархезад!».
Шамси Табрез, ки Хуршед яке зарраи ӯст,
Зарраро Шамс магӯедашу парҳез кунед!
Аҳли динор куҷо, уммати дидор куҷо?!
Гарчи динор бишуд, лойиқи дидор шуданд!
Чун бурун аз шаш ҷиҳат буд ганҷи ишқ,
З-он ҷиҳат бе ин ҷиҳотам медиҳад!
Аслашон лутф асту ҳам вогашти лутф,
Ҳам зи бустон сӯйи бустон мерасанд!
Ин мазидан тифли бедандон кунад,
Гар шумо мардед, нонро худ газед!
Ҳин, Хамӯшу аз хумули Ҳақ битарс,
Маъмани иқболи маръаш чун бувад?!
Ҳар ки ӯ ночиз шуд, ӯ чиз шуд,
Ҳар ки мурд аз кибр, ӯ дар ҳай расад!
Шери Ҳақ шоҳ Салоҳуддин аст,
Накунад сайду нағуррад, чӣ кунад?!
Ай Шамси Ҳаққи Табрез, дил пеши офтобат
Дар камзании мутлақ аз зарра камтар омад!
В-он, к-ӯ зи чаҳ барафтад, дар ҷому соғар афтад,
Мастӣ-ш дар сар афтад, поро зи сар надонад!
Мехоҳам аз Худо ман, то Шамси Ҳаққи Табрез
Дар ғори дил битобад, бо ёри ғор монад!
Як соқие аён шуд, ошӯби осмон шуд,
Май талх аз он замон шуд, хикаш аз он дариданд!
Охир шавам мусаллам аз оташи ту, ай ғам,
З-он кас, ки ҷонфазойӣ ӯро салам дарояд!
Рафтанд хӯшачинон в-ин хӯшачин нишаста,
К-аз сиқлу аз гаронӣ чун талли хирман омад!
Пеш о, баҳори хубӣ, ту асли фаслҳойӣ,
То фаслҳо бисӯзад, ҷумла баҳор монад!
Хуршеди рӯйи мафхари Табрез – Шамси дин
Бар фоние натофт, ки онро бақо накард!
Акнун бибанд ду лабу он чашм баркушо,
Дигар сухан магӯй, агар ҳаст иттиҳод!
Гуфтам, ки чашми чарх чунин чашм ҳеч дид?!
Савганд хӯрду гуфт: «Маро нест ҳеч ёд!»
Инҳо гузашт, ай хунук он дил, ки ногаҳаш
Ҳусну ҷамоли он маҳи некӯлиқо бибурд!
Чун лаб хамӯш бошад, дил садзабон шавад,
Хомӯш, чанд бихоҳияш ту озмуд?
Ин нур дидаанд, ки девонагони роҳ
Савдо ҳамехаранду ҳунарҳо ҳамедиҳанд?!
Чун бахти рӯсапед шаб андар дуъо гузор,
Зеро дуъои Нӯҳ ба шаб мустаҷоб шуд!
Гарчи зи Раббулъибод ҳар нафасе раҳмат аст,
Кай бувад он дам, ки Раб монаду фонӣ ибод?!
Мафхари табрезиён, Шамси Ҳақ, ай хушнишон,
Олам, ай шоҳи ҷон, бе рухи хубат мабод!
Бо ту мувофиқ шудам, бо ту мунофиқ шудам,
Бар даба ошиқ шудам, дар даба зайти палид!
Чунки ба Табрез чашм Шамси Ҳақамро бидид,
Гуфт Ҳақаш: «Пур шудӣ?» Гуфт, ки «ҳал, ман мазид!»
Ниҳем даст даҳон — бар, ки нозук аст маъонӣ,
Зи Шамси мафхари Табрез сӯхт ҷону ҳамӯ шуд!
Чи гуна бошад сурат?! Ба вафқи фикри мусаввир!
Чи гуна май шавад ангур, гар кафаш нафишорад?!
Хамӯш, агар сари ганҷинаи замирастат,
Ки дар замири ҳудо дил расад, забон нарасад!
Даҳон чу бастӣ аз ин сӯй, он тараф бикушо,
Ки ҳоюҳӯйи ту дар ҷавви ломакон бошад!
Бигӯ ғазал, ки ба сад қарн халқ ин хонанд,
Насиҷро, ки Худо бофт, он нафарсӯяд!
Чу тоҷи мафхари Табрез Шамси дин омад,
Лиқойи ҳар ду ҷаҳон ҷуз бад-он лиқо мадиҳед!
Хамӯш кун, ки суханро ватан Димишқи дил аст,
Магӯ ғариб варо, к-аш чунин ватан бошад!
Зи лавҳи ишқ набиштем ин ғазалҳоро,
Ба Шамси мафхари Табрез аз ин ғулом баред!
Чу мурғ дар қафасам баҳри Шамси Табрезӣ,
Зи душманӣ қафасам бишканеду бидронед!
«Аласт» гуфт Ҳақу ҷонҳо «бале» гуфтанд,
Барои сидқи «бале» Ҳақ раҳи бало бикшод!
Хамуш, хамуш, ки суханофарини маънибахш
Буруни гуфт суханҳои ҷонфазо дорад!
Хамӯш бошу магӯ, регро шумор макун,
Шумор чун кунӣ онро, ки беадад бошад?!
Зи бору рахт, ки ин ҷо бар он ҳамеларзид,
Дилаш чунон бираҳад, ки ғамеш нагзояд!
Ба ҳаққи гулшани иқбол, к-андар ӯ мастӣ,
Чу гул Хамӯш, ки то булбулат сано гӯяд!
Ба сояҳову ба хуршеди Шамси Табрезӣ,
Ки бе макону замон офтоби фай бошад?!
Вуҷуд чисту адам чист, коҳу куҳ чӣ бувад?!
Шуҳ, ай иборат аз дар бурун, зи бом фуруд.
Бирон ту дев зи худ, пеш аз он, ки дев шавӣ,
Вагарна ман Хамушам, анқариб бинмояд!
Ту оби Кавсариву сӯхта ба ту ояд,
Бирӯядаш сипаси сӯз парру боли ҷадид!
Бузургӣ аз шаҳи арвоҳи Шамси Табрезист,
Вуҷудҳо пайи ин кибриё сиғор кунед!
Кулӯху санг чӣ донад баҳор ҷуз асаре?!
Баҳорро зи чаман пурсу сунбулу шамшод!
Чу мекард бахшаш назар Шамси Табрез,
Ба бино чӣ бахшиду бино чӣ мешуд?!
Ҳар чи нишон дошт, нишонаш намонд,
Ҳар чи нишон нест, нишон омаданд.
Ай ту муқими майкада, ҳам мастиву ҳам майзада,
Ташнеъҳои беҳуда чун мезанӣ, ай бегуҳар?!
Бас кун, ки ҳар мурғ, ай писар, худ кай хурад анҷири тар?!
Шуд туъмаи тӯтӣ шакар в-он зоғро чизе дигар!
Қатраи дарёи манӣ, дам чи занӣ беш?!
Ғарқа шаву ҷони садаф пур зи гуҳар дор!».
Чу карру фарри ӯ дидӣ, туйӣ каррору шери Ҳақ,
Чу болу парри ӯ дидӣ, туйӣ тайёр чун Ҷаъфар!
Он шери Худойеро, Шамсулҳақи Табрезӣ,
Сайде, ки на рӯбаҳ шуд, ӯро ба саге машмар!
Дар қудрати махдумӣ — Шамсулҳақи Табрезӣ
Ғӯте бихурӣ, бинӣ Ҳақро ба низор охир!
Гӯям он гозур кӣ бошад? Шамси Табрезиву бас,
К-аз барои ӯ барояд офтоб аз ҳар канор!
Шамси Табрезӣ, аз он рӯзе, ки дидам рӯйи ту,
Дини ман шуд ишқи рӯят, мафхари дин, ёд дор!
Саҷда орад пеши эшон бонамозу бенамоз,
Пеши эшон сабз гардад шӯрахоку сабзазор!
Лашкари динро зи шоҳам — Шамси Табрезӣ зиёст,
Ай Худоё, то абад бар мавкабаш поянда дор!
Гар биёяд ғам, бигӯям, он ки ғам мехӯрд, рафт,
Рав ба бозору рубобе аз барои ман бихар!
Дар фироқи Шамси Табрезӣ аз он коҳид тан,
То фазояд ҷонҳоро ҷонфизое сер-сер!
Вақти рӯза аз миёни дил барояд нола зор,
Баъди хӯрдан аз раҳи зерин кушояд парда зер.
Чашми худ, ай дил, зи дилбар, то тавонӣ, бармагир,
Гар зи ту гирад канора в-ар туро гирад канор!
Шамси Табрезӣ бирафт, аммо шуъоъи рӯйи ӯ
Ҳар тараф нуре диҳад онро, ки ҳасташ ихтиёр!
Ҳамчу шамъи нахлбандон, к-оташаш дар худ кашад,
Коғази пурнақшу сурат дарфитад дар об-дар!
Чашми охурро бибанду чашми охир баркушо,
Охири ҳар чиз бингар, то бигирад чашм нур!
Ба шаҷар-бар, ҳала, баргӯ, масали фохта ку-ку,
Ки талабгор бад-ин хӯ назанад каф ба хабар-бар!
Аз паси найшакарат ашки чу атлас борам,
Чораам нест ҷуз ин атласу аксуни дигар!
Ҳалқаи заррини ман в-он гаҳ шабаҳ!
Кай равад бар чарх Исо бо ҳимор?!
Як соғари латифе, к-аз ғояти латифӣ,
Гӯйӣ, ҳама шароб аст, худ нест ҳеч соғар!
Ҳар к-ӯ бақо наёбад аз Шамси Ҳаққи Табрез,
Ӯ ҳаст дар ҳақойиқ фониву чизи дигар!
Аз ғайб ҳиссаҳоро бидҳӣ ба мустаҳаққон
В-аз сина ғуссаҳоро рониву чизи дигар!
Рӯзе ҳазор кор барорӣ ба як назар,
Охир яке назар куну ин корро барор!
Зеро ки бар дили ҳама халқон муваккалест,
Бекорашон надораду беёру бесафар!
Симурғи ҷону мафхари Табрез Шамси дин
Бинад ҳазор равзаву ёбад ҳазор пар!
Ҷониби Табрез тоз, ҷониби шамъи тароз,
Шамси Ҳақи сарфароз то шавадат зебу фар!»
Ҳар чи бар асҳоби ҳол бошад аввалхаёл,
Гардад охир висол, чунки дарояд нигор!
Наботи Миср чи ҳоҷат, ки Шамси Табрезӣ
Дусад набот бирезад зи лафзи шаккарбор?!
Бирав, ба бодаи махдум — Шамси дин омез,
Ки нест бодаи Табрезро хумор, хумор!
Тариқи баҳс лаҷоҷ асту иътирозу далел,
Тариқи дил ҳама дида-сту завқу шаҳду шакар!
Даҳон бибандаму баста шакар ҳамехоям,
Ки то ба ҷон бирасад хуш ба ибтилоъ шакар!
Ту тира гардӣ аз шаб чу ойнай гардун,
На зардрӯйи хазон гардӣ аз ҳаво чу шаҷар!
Гар ниёзатро пазирад Шамси Табрезӣ зи лутф,
Баъд аз он бар арш ниҳ ту чор болиш баҳри ноз!
Ки яке чароғи равшан зи ҳазор мурда биҳтар,
Ки биҳ аст як қади хуш зи ҳазор қомати кӯз!
Соя, ки фонӣ кунадаш талъати хуршеди бақо,
Соя махонаш, ту дигар, ибрати мо хону матарс!
Рав, шариъатро гузину амри Ҳақро пос дор,
Гар араб бошиву гар турку вагар сарроканӯс.
Шамси Ҳақу дин кашид теғ бурун аз ниём,
Ай хиради дуксор, тори хаёлӣ бирес!
Шаш ҷиҳатам аз рухи ту в-аз назари фаррухи ту,
Ҳафт фалакро бидиҳад хубиву каш, хубиву каш!
Бас кун шарҳи туршон, инқадарӣ баҳри нишон,
Кай талабад дар дилу ҷон табъи шакарбору турш?!
Хоб шудаст наргисаш, зуд дароям аз пасаш,
Кард сафар ба хоби х(в)аш, роҳи сафар бигирамаш!
Бошад бувадаш сакта, дар гӯр набояд кард,
З-ин оби Хизир як каф дар ҳалқ чашонедаш!
Шамсулҳақи Табрезӣ дар ишқ Масеҳ омад,
Ҳар кас, ки аз ӯ дорад зуннор, бишӯредаш!
Андар чамани ишқат, Шамсулҳақи Табрезӣ,
Сад гулшану гул гардад як хор ба омезиш!
Не бас куну не бас кун, худро ҳама ахрас кун,
К-ин нест қироъоте, к-аш фаҳм кунад ахфаш!
Шамсулҳақи Табрезӣ, к-ӯ ҳар дили бедилро
Меораду меорад то ҳазрати султонаш!
Рав, макун мастӣ аз он хамре, к-аз ӯ зояд ғурур,
Ғурраи он рӯй бину ҳушёри хеш бош!
Чунки як гӯша ридои Мустафо омад ба даст,
Он ки буд дар қаъри дӯзах, дар ҷинон овардамаш!
Лонаи ту ишқ будаст, ай ҳумойи лоязол,
Ишқро муҳкам бигиру сокини ин лона бош!
Ҷумлагӣ ташнадилон қут аз ӯ меёбанд,
Бо чунин луқмадиҳӣ шуҳрати Луқмон расадаш!
Мешумурдам ман аз ин навъ, шунидам зи фалак,
Ки аз инҳо бигузар, чизи дигар мерасадаш!
Ақл тоҷ аст, чунин гуфт ба тамсил Алӣ,
Тоҷро гавҳари нав бахш ту аз гавҳари хеш!
Шамси Табрезӣ, маро кардӣ хароб,
Ҳам ту соқӣ, ҳам ту май, ҳам майфурӯш!
Чун ишқи Шамси Табрез оҳанрабой бошад,
Мо бар тариқи хидмат монанди оҳанемаш!
Дайро баҳор бахшад, шабро наҳор бахшад,
Пас, ин ҷаҳони мурда зинда-ст аз он ҷаҳонаш!
Охир, зи баҳри ду нон то кай давӣ чу дунон?!
В-охир зи баҳри се нон то кай хурӣ синонаш?!
Хомӯш бошу дар хамушӣ гум шав аз вуҷуд,
К-он ишқрост куштани ушшоқ дину кеш!
Дам мазан, ай ҷон, дам мазан, ай ҷон, бархур, к-омад рӯзи муборак,
Кист муборак, кист муборак?! Он ки бибинад ҳам зи пагоҳаш!
Ҷони сафо Шамси дин, аз Табрезӣ чу Чин,
Аз ту маро ғайри ин пардадарӣ, гӯ, мабош!
Дил зи сухан мол-мол хост задан парру бол,
Парри ту нури камол кард чунин алканаш!
Пеши ман о, ки хушам, то ба барат даркашам,
Чун зи туам мерасад туҳфаи дилдори хеш!
Валвала дар кӯ фитод, ақл даромад, ки дод,
Муҳтасиби ақлро даст фурӯ баст дӯш!
Шукр, ки соқии ғайб шуст ба май ҷумла айб,
Шукр, ки толиб раҳид аз ғами дилкӯби хеш!
Зи ғайраташ гила кардам, ба ханда гуфт маро,
Ки ҳар чи банд кунад ӯ туро, барандозаш!
Тараб нахоҳад он кас, ки дарди ӯ бишнохт,
Нишон намонад ӯро, ки бишнавад номаш!
Биёр қанди маъонӣ зи Шамси Табрезӣ,
Ки бозмонд зи ишқи лабаш даҳони самоъ!
В-он рағифу ошу коса садқаи Табрез дон
Аз камолу ҳурмати шаҳри Шаҳаншоҳи Шариф!
Шамси Табрез ар битобад аз қибоби рашки Ҳақ,
Қуббаҳои мавҷ хезад он дам аз дарёи ишқ.
Ай офтоби ҷонҳо, ай Шамси Ҳаққи Табрез,
Ҳар зарра аз шуъоъат ҷони латифи нотиқ!
Бингар дар Шамси дин — хусрави табрезиён,
Шодии ҷонҳои пок, дидаи дилҳои ишқ!
Сайқали ишқи варо бигзин, ки то з-ойинаат
Зуд биздояд ба лутфи хештан ӯ ранг-ранг!
Дастро бар чашми худ ниҳ, гӯ ба чашм,
Чашм бикшо, хира мангар данг-данг!
Чи даст бошад, к-аз рӯ магас надонад ронд,
Зи сусттабъӣ кирме намоядаш чу паланг?!
Не қозие, не шаҳнае, не мири шаҳру муҳтасиб,
Бар оби дарё кай равад даъвову хасмиву ҷадал?!
Ҷумлаи кавн масти дил, гашта забун ба дасти дил,
Марҳалаҳои нуҳ фалак ҳаст, яқин, ду гоми дил!
Шунудӣ Шамси Табрезӣ, гумон бурдӣ аз ӯ чизе,
Яке сирре диломезе, туро омад аён, ай дил!
Шамсулҳақи Табрезӣ тобанда чу хуршед аст
В-аз тобиши хуршедаш ҳамчун саҳар аст ин дил!
Ай, ки колева нагаштӣ дар ҷаҳон бо парри ҷон,
Ҳеч дидӣ шевае ту лойиқи савдои дил?!
Лаб бибанд, эро ба гардун мерасад
Бе забон ҳайҳойи дил, ҳайҳойи дил!
Дар ламаъи қурси ӯ сурати шаҳ Шамси дин,
Зинати Табрез, к-ӯст саъди муборак ба фол!
Як дам бонги наҷот, як дам овози мот
Мезанад он хушсифот бар ману бар васфи ҳол!
Чу мулк гашт висолат зи Шамси Табрезӣ,
Намонд ҳиляи ҳолу на илтифот ба қол!
Чу субҳдам бирасад шоҳ Шамси Табрезӣ,
Чу офтоби ҷаҳон беҳушам, зиҳӣ иқбол!
Шаробхор, ки н-омехт бо шароб ин об,
Кашад хумори паёпай, ту бош лотаъҷал!
Бигуфтам: «Ин маҳ монад ба Шамси Табрезӣ!»,
Бигуфт дил, ки куҷой аст то куҷо, ай дил?!
Дар хоб бе сӯ меравӣ, дар кӯй бе кӯ меравӣ,
Шаш сӯ марав в-аз сӯ магӯ, чун ғайри сӯ омӯхтам!
Гул сар бурун кард аз дараҷ, к-ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ,
Ҳар шох гӯяд лоҳараҷ, к-аз сабр дар бор омадам!
Гар мастиву равшанравон, имшаб махусб, ай сорбон,
Хомӯш кун, хомӯш кун, з-ин бода нӯш, ай булкарам!
Хуни равиро рехтам, бо Юсуфе омехтам,
Дар рӯйи ӯ сурхӣ шавам, дар мӯ-ш борикӣ шавам!
Ай Шамси Табрезӣ, назар дар кулли олам кай кунӣ,
К-андар биёбони фано ҷону дил афгор омадам!
Дарси раисони хушӣ беҳушӣ асту хамушӣ,
Дарс чу хом аст маро, бар сари такрор равам!
Шоҳи заминиву замон, ҳамчу хирад фошу ниҳон,
Пеши ту, ай ҷону ҷаҳон, ҷумла чаро ҷон нашавам?!
Чунки ту дасти шафақат бар сари мо доштайӣ,
Нест аҷаб, гар зи шараф бигзарад аз чарх сарам!
Ҳеч табибе надиҳад бе маразе ҳаббу даво,
Ман ҳамагӣ дард шудам, то ки ба дармон бирасам!
Оҳану пӯлоду ҳаҷар дар кафи ту мум шавад,
Ман, ки ҳама муми туам, чун ки бад-ин сон нашавам?!
Бар сари чархи ҳафтумин номи замин чаро барам?!
Ғайрати ҳар фариштаам, зикри башар чаро кунам?!
Сӯйи ту чун шитофтам, ҷойи қадам наёфтам,
Пок зи ҷо бибурдиям, чун зи ту ҷо бихостам!
Ай Табрез, Шамси дин бо ту қарину чун қарин?!
Даври қамар агар, ҳала, бо ту яке қирон кунам?!
Аз Табрез, Шамси дин, боз биё, маро бибин,
Мот шудам зи ишқи ту, лек аз ӯ зиёдаам!
Ҷону ҷаҳон, зи ишқи ту рафт зи даст кори ман,
Ман ба ҷаҳон чӣ мекунам, чун ки аз ин ҷаҳон шудам?!
Ҳин, ки фузуд шӯри ман, ҳам ту бихон Забури ман,
Кард дили шакури ман тарки шикор, ай санам!
Манам чун осмон дутӯ зи ишқи Шамси Табрезӣ,
Бизан ту захма оҳиста, ки то барнагсилад торам.
Саъодатҳо, ки ман дорам зи Шамсуддини Табрезӣ,
Саъодатҳо суҷуд орад ба пеши ин саъодотам!
Аз ин ҳолат, ки дил дорад, бигиру барҷаҳон ӯро,
Ки ман — хокӣ зи саъйи ту зи рӯйи хок барҷастам!
Ҷаҳон моҳӣ, адам дарё, даруни моҳӣ ин ғавғо,
Кунам сайдаш, агар гум шуд, ки ман сайёди бешастам!
Хамуш кун, к-андар ин водӣ шаробе буд ҷовиде,
Рувоқу дурди ӯ хӯрдам, ки ҳарду буд дархурдам!
Қадаҳворам дар ин даврон миёни ҳалқаи мастон,
Зи дасти ин ба дасти он бад-ин дастон ҳамегардам!
Чу шохи беди андеша, зи ҳар боде агар печад,
Чу бехи сидраи хазро усули муттафақ дорам!
Ҳасад бар ман ҳасад дорад, маро бар кӣ ҳасад бошад?!
Зи ҷӯйи хамр чун мастам, чаро ташнай лабан бошам?!
Чу дар шатранҷ шуд қойим бирезад нард шаш-панҷе,
Бигӯям «Моти ғам бошам, агар ин нард медонам!».
Агар ман ҷинси эшонам, вагар ман ғайри эшонам,
Намедонам, ҳамин донам, ки ман дар рӯҳ райҳонам!
Ва гар дар роҳи бозори ғами ишқат харидорам,
Ба сад ҷонҳо бинафрӯшам, зи ишқат он чи ман дорам!
Чи гӯйӣ булфузулеро, ки як дам они худ набвад,
Ҳазорон бор мегӯяд, сари он ҳам намедорам!
Биншин? агарӣ ошиқ? то субҳдами содиқ
Бо ман, ки намеояд то субҳу саҳар хобам!
Шамсулҳақи озода, Табрезу майи сода,
То ҳашр ман афтода, оҳиста, ки сармастам!
Хоҳам, ки зи боди май оташ бифурӯзонӣ,
Хоҳам, ки зи оби худ чун хок кунӣ пастам!
Масте туву масте ман, барбаста ба ҳам доман,
Чун даставу чун ҳован ду ҳасту яке ҳастам!
Боқӣ-ш бигӯ ту ҳам, зеро ки зи баҳри туст
Дурҳои маъонӣ, ки дар риштаи дам суфтам!
Гар нолаву оҳ омад, з-он пардаи моҳ омад,
Наззораи маҳ хуштар, ай моҳи даҳу чорам!
Онам, ки зи ҳар оҳаш дар чарх занам оташ
В-аз оташи бар оташ аз ишқ лаҳаб1 дорам!
Андешаи парранда з-ин сӯхтапар гашта,
Ки ман қафаси тангам, ки Ҷаъфари Тайёрам!
Ай мункири махдумнӣ Шамсулҳақи Табрезӣ,
З-иқрори чу ту кӯре безораму безорам!
Дар хонаи обу гил бе туст хароб ин дил,
Ё хона даро, ҷоно, ё хона бипардозам!
Бас кун ҳама талвинам дар пешаву андеша,
Як лаҳза чу пирӯза, як лаҳза чу пирӯзам!
Шамсулҳақи Табрезӣ, ҷуз бо ту наёмезам,
Меафтаму мехезам, ман хона намедонам!
Гар дар шараму хайрам, аз худ наям, аз ғайрам,
Он сӯ, ки кашад он кас, ночор чунон ронам!
Моҳе дигар аст, ай ҷон, андар дили маҳ пинҳон,
З-ин илм яқин астам, он айни яқин хоҳам.
Як рӯз ғазалгӯён, валлоҳ, супорам ҷон,
Зеро ки чу мӯ шуд ҷон, азбаски ҳамемӯям!
Гӯянд, ки Луқмонро як козаи танге буд,
З-ин кӯза майе хурдам, к-он коза намедонам!
Чу дӯлоб чи гардем пур аз нолаву афғон?!
Чу андешаи бешиквату гуфтор бигардем!
Наяфтем бар ин хокситон, мо на ҳасирем,
Бароем бар ин чарх, ки мо марди ҳисорем!
Вале ҷунбиши ин шох ҳам аз фиъли насим аст,
Хамуш бош, хамуш бош, ҳам онему ҳам инем!
Зуннор гусастем бари қайсари румӣ,
Табрез бибар қисса, ки дар Рум расидем!
Чун аз майи Шамсулҳақи Табрез бинӯшем,
Сад ҷӯши аҷаб аз хуму хаммор барорем!
Бода диҳу кам пурс, ки чандум қадаҳ аст ин?
К-аз ёди ту мо бода зи паймона надонем!
Гар сулҳ кунад, доруйи каллӣ-ш бисозем,
Аз нанги каливу кулаҳаш бозраҳонем!
Ҳар дона, ки чидем, ҳама доми бало буд,
Сӯйи ту паришкаставу танхаста паридем!
Наздиктар оед, ки аз дур расидем
В-аҳвол бипурсед, ки аз роҳ расидем!
Ҳар зарра, ҳар парра меҷӯяд, мегӯяд:
«З-иршодаш, з-иршодаш истодам, истодам!»
Ҳало, тан зан чу Бӯбакри рубобӣ,
Ки то ман ҷон шавам в-аз тан бароям!
Набошад бе ҳаёт он нақш, к-ӯ кард,
Камин нақшаш манам, дар ҳоюҳӯям!
Ишқ гӯяд: «Рост мегӯйӣ, вале аз худ мабин,
Ман чу бодам, ту чу оташ, ман туро ангехтам!».
Дар ғами онам, ки ӯ худро намояд беҳиҷоб,
Ҳеч андар банди хешу худнамойӣ нестам!
Шамси Табрез армуғони гавҳари баҳри дил аст,
Ман зи шарми ҷони покат ҳамчу Уммон мебарам!
То ба кай аз чанду чун?! Охир, зи ишқам шарм бод!
Кай зи чунӣ бартар оям, чандҳоро бишканам?!
Шоҳ Шамсуддини Табрезӣ, манат ошиқ басам,
Рӯзи базмат ҳамчу мумам, рӯзи размат оҳанам!
Номи Шамсуддини Табрезӣ чу бинвисам, бидон-к
Шаккари дилхоҳро дар ишками коғаз ниҳам!
Чун хаёли ӯ даромад, бар дараш дарбон шудем,
Чун хаёли ӯ бурун шуд, мо дар ин дармондем!
Чун аз ин ҷо нестам, ин ҷо ғарибам ман, ғариб,
Чун дар ин ҷо беқарорам, охир аз ҷойестам?!
Ҳастияст они занону кори мардон нестист,
Шукр, к-андар нестӣ мо паҳлавон бархостем!
Хамуш, ар фонии роҳӣ, ки фано хомушӣ орад,
Чу раҳидем зи ҳастӣ, ту макаш боз ба ҳастам!
Зи ғам афрӯхта гаштам, ба ғам омӯхта гаштам,
Зи ғам ар нола барорам, зи ғамомӯз хамӯшам!
Чу Салоҳи дилу динро, маҳи хуршеди яқинро,
Ба ту афтод муҳаббат, ту шудӣ ҷону равонам!
Тани моро ҳама ҷон кун, ҳамаро гавҳари кон кун,
Зи тараб чашма равон кун ба суйи боғу баҳорам.
Бирав, ай олами ҳастӣ, ҳамаро пой бибастӣ,
Ту агар ҷони манастӣ, напазирам, напазирам!
Табрез, аҳд кардам, ки чу Шамси дин биёяд,
Биниҳам ба шукр ин сар, ки ба ғайри сар надорам!
Табрезу Шамси дин шуд сабаби фурӯғи ахтар,
Рухи шамс аз ӯ мунаввар ба фарози сабзи торам!
Биниҳад кулоҳ аз сар хуми хоси хусравонӣ,
Биҷаҳад зи миҳр соқӣ, чу ман аз хумор гӯям!
Чу наям сазои шодӣ, зи худам мадор беғам,
Ки дар ин миён ҳамеша ғами туст ғамгусорам!
Шамси Табрез, ки нури маҳу ахтар ҳам аз ӯст,
Гарчи зорам зи ғамаш, ҳамчу ҳилоли идам!
Шамси Табрез, шунав хидмати моро зи сабо,
Гар шамол асту сабо, ҳам зи шамолат бурдем!
Саркашон аз тарафи ғайб ба ман меоянд,
В-ин мададҳо ҳама аз лаззати ҳолаш расадам!
В-он яке бар сари он хок сарак бинҳода,
Ки зи хокаш сифати ҷонваре мерасадам!
Чун наёбам маҳи рӯят, сари худ мебандам,
Чун наёбам лаби нӯшат, кафи худ мехоям!
Ҳала, Хомӯш, биёром, арӯсӣ дорем,
Ҳама гирдак бинишинем, ки мо домодем!
Рӯзи он аст, ки дар боғ бутон хайма зананд,
Мо ба наззораи эшон суйи гулзор шавем!
Шамси Табрез чу дар боғи сафо рӯ бинмуд,
Зуд дар гардани ишқаш ҳама ованг шавем!
Шамси Табрез шаҳаншоҳи ҳама мардон аст,
Мо аз он қутби ҷаҳон ҳуҷҷату бурҳон дорем!
Заҳр бар ёди яке нӯш, ту ай оҳучашм,
Гар биҳ аз нӯш нанӯшем, пас аз саг батарем!
Гуфтамаш: «Дур аз ҷамолат чашми бад!
Чашми ман наздик, агарчи муъҷабам!».
Чашм мебандам ба ҳар дам то ба дер,
З-он ки бе ту бо назар хуш нестам!
Ин назар он пардаро аз сар гирифт,
Мо ба сар рақсон чу бар коғаз қалам!
Табрези Шамси динро гуфтам: «Тано, ки бошӣ?»,
Тан гуфт: «Хок!»-у ҷон гуфт: «Саргашта ҳамчу бодам!».
Ақлам бибурд аз раҳ, к-аз ман расӣ ту дар шаҳ,
Чун сӯйи ақл рафтам, ақлам надошт судам!
Пур кард Шамси Табрез дар ишқ як камоне,
К-аз ишқ зиҳ барояд, чун он камон барорам!
Дар ишқи Шамси Табрез султони тоҷдорам,
Чун ӯ ба тахт ояд, ман пеши ӯ вазирам!
Ҳамчун Халили Яздон парвонавор шодон
Дар оташат нишастам, то ҳашр барнахезам!
Гар бандам ин басарро в-ар бисгалам назарро,
Аз дил найӣ гусаста, аз ту куҷо гурезам?!
Ишқ аст баҳри маънӣ, ҳар як чу моҳӣ дар баҳр,
Аҳмад, гуҳар ба дарё, инак ҳаменамоям!
Монандаи сутурон дар об вақти хӯрдан
Чун акси хеш дидем, аз хеш мерамидем!
То мулки ишқ дидем, сархайли муфлисонем,
То нақди ишқ дидем, туҷҷори беқумошем!
Инро ту барнатобӣ, зеро буруни обӣ,
Гар шабҳи офтобӣ, з-ашбоҳ хашм кардам!
Кардам қирон ба мафхари Табрез — Шамси дин,
Берун зи ҳар ду қарн қироне харидаам!
Аз завқи оташи шаҳи Табрез — Шамси дин
Дорем оби рӯву ҳама маҳзи равғанем!
Гуфт ҷаҳони салим: Чист хабар, ай насим?!,
Гуфт: «Надорам зи бим ҷуз нафасе, вассалом!».
Бар сари дораш кунем, ҳар ки бигӯяд якем,
Оташ андарзанем, ҳар ки бигӯяд дувем!
Ҷуз намакат нашканад шӯриши Табрезро,
Фахри замин, дар ғамат шӯри замон омадем!
Агар чароғдилӣ, дон, ки роҳи хона куҷост,
В-агар Худосифатӣ, дон, ки кадхудот манам!
Бикуш маро, ки чу куштӣ, ба ишқ зинда шудам,
Хамӯш кардаму мурдам, тамом гашт калом!
Равам, саре биниҳам, к-он сарест бодаи ҷон,
Ки хуфта биҳ сари пуриҳтиёлу тазвирам!
Ба хоки пойи Худованд — Шамси Табрезӣ,
Ки чун шудам зи вай аз даст, сарфароз равам!
Алиф мабош зи абҷад, ки саркашӣ дорад,
Мабош беи дусар ту, чу ҷим бош, чу ҷим!
Ба сӯйи ту ҳама хун асту сӯйи ман ҳама об,
На қибтиям, ки дар ин Нили мӯсавихӯям!»
Маро ба ишқ бипарвард Шамси Табрезӣ,
Зи рӯҳи қудус зи каррубиён фузун бошам!
Гуфтам: «Манам дар доми ту, чун гум шавам бе ҷоми ту?!
Бифрӯш як ҷомам ба ҷон в-он гаҳ бибин бозори ман!».
Хоҳӣ, ки маъникаш шавам, рав, сабр кун, то хуш шавам,
Ранҷур бастафан бувад, хоса дар ин борик фан!
З-он моҳрӯйи маҳҷабин шуд чун фалак рӯйи замин,
Ал-мустағос, ай муслимин, з-ин нақшҳои пурфитан!
Ай тофта дар ҷони ман чун офтоб андар ҳамал,
В-ай ман зи тоби рӯйи ту ҳамчун ақиқ андар Яман!
Чун боғ сад раҳ сӯхтам, боз аз баҳор омӯхтам,
Дар ҳар ду ҳолат волаам дар санъати Аллоҳ ман!
Ай офтоби дояе, мо дар пайат чун сояе,
Ай доя, бе алтофи ту мондем танҳо, не макун!
Дилро зи ту ҳоле дигар, дар салтанат фоле дигар,
То паррад аз боле дигар махдуми ҷонам Шамси дин!
Гуфт касе: «Чун хари ту мурд, харе ҳаст, бихар!»,
Гуфтам: «Хомӯш, ки хар буд ба раҳ лангари ман!».
Гуфтам: «Ай шоҳи алам, ман, ки миёни асалам,
Аз асали ман кӣ чашад?!» Гуфт: «Лаби хушманишон!»
Сӯйи Салоҳи дилу дин омад Ҷабрили амин
Дар талаби ниъмати ҷон, баҳри тақозо дили ман!
Ишқ бувад хуби ҷаҳон, модари хубони шаҳон,
Хок шавад гавҳар аз он, фахр кунад модар аз ин!
Сарв чу монад ба хасе, зар ба чи монад?! Ба мисе!
Тавба чи монӣ ба касе, ай малики явмиддин!
Ҷисм набуду ҷон будам, бо ту бар осмон будам,
Ҳеч набуд дар миён гуфти ману шунуди ман!
Ишқи туро чу мафрашам, об бизан бар оташам,
Ай маҳи ғайби он ҷаҳон дар Табрез — Шамси дин!»
Мустамиъи аласт шуд, пойдавону маст шуд,
Нест буд ӯву ҳаст шуд, лолаву беду займарон!
Дам назанам, хамуш кунам, бо ҳама рӯ туруш кунам,
То ки бигӯйиям: «Туйӣ ҳозиру мустафиди ман!».
Рӯҳ гурехт пеши ту аз тани ҳамчу дӯзахам,
Шарм бирехт пеши ту дидаи шармсори ман!
Гуфт маро, ки чанд-чанд, сер нагаштӣ аз сухан,
З-он ки суви ту меравад ин сухани равони ман?!
Агар бошад шабе равшан, куҷо бошад ба ҷойи рӯз?!
В-агар бошад шабе тобон, куҷо дурдонагӣ кардан?!
Чу як қатра чашидам ман, зи завқ андаркашидам ман,
Яке ратле, ки шуд бӯяш дар ин раҳ раҳнамойи ман!
Чи донамҳои бисёр аст, лекин ман намедонам,
Ки хурдам аз даҳонбандӣ дар он дарё кафе афюн.
Чу ӯро пай канӣ, дар дам чу киштӣ раҳ равад бепо,
Зи мавҷи баҳри бепоён набуррад бодбони дин!
Забони Зулфиқори ақл, к-ин дарё пур аз дур кард,
Забонаш боз бигрифту шуд ӯ хомӯши Шамсуддин!
Дар шарқ худовандӣ Шамсулҳақи Табрезӣ,
Оянду раванд инҳо дар ҳар чаману бустон!
Бигрез аз ин дарбанд, бар ҷумла ту дар дарбанд,
Ҷуз Шамси Ҳақи Табрез — султони шакарқандон!
Гар шарҳ кунам инро, тарсам, ки муқаллидро
Ояд ба хаёл — андар андешаи саргардон!
Дил з-оташи ишқи ӯ омӯхт сабукрӯҳӣ,
Аз ин сина бипарридан, ҳар соъат барҷастан!
Ай турраи пурбандам, бикшода гираҳҳоро,
Ин як гираҳи дигар бар зулфи мушавваш зан!
Шамсулҳақи Табрезӣ, аз даври замон бартар
В-афзуда зи ҳар давре аз вай даварони ман!
Ман ошиқи он рӯзам медарраму медӯзам,
Дар хирқаи бечунӣ мезан тигиле, бечун!
Ҷонҳо, ки ба завқ омад, дар ишқ ду ҷавқ омад,
Дар ишқ шароб аст он, дар ишқ сабӯй аст ин!
Чун дидаи дил аз ғам пурхок шавад, ай ам,
Табрез куҷо ёбӣ бо ҳазрати Шамсуддин?!
Дар сина хаёли ӯ в-он гоҳ ғаму ғусса,
Дар оби ҳаёти ӯ в-он гаҳ хатари мурдан!
Ду хоҷа ба як хона, шуд хона чу вайрона,
Ӯ хоҷаву ман банда, пусте буваду равған!
Бо лаъли чу ту коне ғамгин нашавад ҷоне,
Дар гӯру кафан н-ояд, то бошад ҷон дар тан!
Даъвии сафо кардан дар ишқи ту некӯ нест,
Бо ҷони сафо чи-бвад тафсири сафо кардан?!
Дарат, гуфт, фурӯ банду кушо равзани дилро,
Зи маҳ бӯса наёбед, магар аз раҳи равзан!
Ҷуз ишқи худованд — Шамсулҳақи Табрез,
Он мӯйи басар бошад, бояд сутуридан!
Кори ҳайавон аст, на кори дилу ҷон аст
Дар хок бипӯсидану аз хок бизодан!
Шамсулҳақи Табрез чу хуршед барояд,
Зеро ки зи хуршед бувад ҷомаи ҳурон!
Чи хуш кардӣ, маҳо, он шеваро дӣ,
Раҳо кун нозу хуштар ҳамчунин кун!
Мурғи ҷонро ишқ гӯяд: «Майл дорӣ дар қафас?»
Мурғ гӯяд: «Ман туро хоҳам, қафасро бардарон!»
Шод он мурғе, ки миҳри шаб дар ӯ муҳкам нагашт,
Сӯйи Табрез ояд ӯ андар ҳавои Шамси дин!
Ҷуз Салоҳуддин надорад ин суханро, ин сухан:
«Ман ғуломи зиракону зиракону зиракон!»
Сад ҳазорон ҳусни Юсуф дар ҷамоли рӯйи кист?!
Шамси Табрезии мо — он хушнишини хушнишон!
Лаб бибанду хушк ору ҳар чи бинӣ хушку тар,
Дар лабу чашмам нигар, з-он хушку з-ин тар ёд кун!
Чист ин боди хазонӣ?! Он дами инкори ту!
Чист он боди баҳорӣ?! Он дами иқрори ман!
Шамси Табрез! Арчи ҷонӣ, гар чу ҷон пинҳон шавӣ,
Бар дилам туҳмат нишинад, к-аз куҷо бархост ин?!
Дар ҳавои Шамси Табрезӣ зи зулмат мегузар,
Ногаҳон сар барзанӣ аз боғу айвон ҳамчунин!
Ҷомаҳои сабз бибриданд бар дуккони ғайб,
Хез, ай хайёт, биншин бар дукон, сӯзан бизан!
Гар ҷаҳон пурнур хоҳӣ, даст аз рӯ бозгир,
В-ар ҷаҳон торик хоҳӣ, рӯйро мастур кун!
З-аввали ин хоб гуфтам ман, ки ҳам оҳиста бош,
Сабр кун, то бо худ оям, як замон ту дам мазан!
Андар он мавҷе, ки хосон бар ҳазар бошанд аз он,
Андар он мавҷи хатар ӯ хуфта осон нозанин!
Гуфтамаш: «Чунӣ, дило?» Ӯ гиря — дар шуд ҳой-ҳой
Аз фироқи моҳрӯйи ҳамнишону ҳамнишин!
Ай Санойӣ, рав, мадад хоҳ аз равони Мустафо,
«Мустафо мо ҷоъа илло раҳмати лилъоламин!».
Мутрибо, гаштӣ малӯл аз гуфти ман, аз гуфти ман,
Ҳамчунон хоҳӣ, макун ту ҳамчунину ҳамчунин!
Ту хур ин бодаи аршӣ, ки агар як қадаҳ аз вай
Биниҳӣ бар кафи мурда, бидиҳад посухи талқин!
Шамси Табрез маро дӯш ҳамегуфт: «Хамӯш,
Чун туро ишқи лаби мост, нигаҳ дор забон!».
Ҳама олам ба яке қатраи дарё ғарқанд,
Чи қадар хӯрд тавонад магас аз шаккарашон?!
Зи Салоҳи дилу дин зар бараму зар кӯбам,
То муфарраҳ шавад, онро, ки бувад дидаи ҷон!
Пас, Хамуш бош, ҳамехур зи камонҳош хаданг,
Чун ҳунар дар камият хоҳад афзойидан!
Ҳама қалбанду сияҳ, чун бизанӣ бар сари санг,
Ҳин, чаро ғарра шудастӣ ту ба симу зарашон?!
Аз қуларрӯҳ амри Раббӣ фаҳм шуд,
Шарҳи ҷон, ай ҷон, наёяд дар даҳан!
Ҳар ки ӯ андар дили Нӯҳ аст, раст,
Ҳар ки дар пеш аст, дар дарё фикан!
Нест дар олам зи ҳиҷрон талхтар,
Ҳар чи хоҳӣ, кун, валекин он макун!
Гуфтӣ: «Камар ба хидмат барбанд ту ба ҳурмат»,
Бикшо ду дасти раҳмат, бар гирди ман камар кун!
Ту нақшро нахонӣ, зеро дар ин ҷаҳонӣ,
То ин қадар бидонӣ, ту фитнаро машӯрон!
Аз партаве, ки афтад дар чашмҳо зи рӯяш,
Хориш чи афтад аз вай дар чашмҳои кӯрон?!
Ай хасми Шамси Табрез, ай дузди роҳу мункир,
Мебош дар шиканҷа аз хешу дар фушурдан!
Ай Шамси Ҳаққи Табрез, ҳар кас ки мункир ояд,
Аз ҷазби нури ӣмон дар ҷони кофараш зан!
Ҷони ҳақойиқиву хаёлоти дилрабо
В-он нақшҳои маҳ, ки нагунҷад дар ин даҳан!
Дар дили шаб омадӣ, нек аҷаб омадӣ,
Чун бари мо омадӣ, нест раҳойӣ кунун!
Ҳар ки дар ин рӯзгор дорад ӯ кору бор,
Банд шудасту шикор ёри маро ҳамчунин!
Тӯтии ҷони туро сирка наво кай диҳад?!
Булбули масти туро шарт бувад гулситон!
Зи Шамси мафхари Табрез то чи дидастам,
Ки беқарор шудастанд ин маъонии ман?!
Ҷамоли худ зи асирони ишқ ҳеч мапӯш,
Чу боғи лутфи Худойӣ, ту дар фароз макун!
Биё, биё, ки туйӣ офтобу ман зарра,
Ба пеши шуълаи рӯят чу зарра чарх занон!
На чашмтанги хасисам, валек раҳ танг аст,
Зи наргисони ду чашмам ба сӯйи ӯ раҳ кун!
Хамуш кун, хамуш кун, ки дар хомушист
Ҳазорон забону ҳазорон баён!
Ҳамчу хасон ҳар нафасе хеш ба ҳар бод мадиҳ,
Васвасаҳоро бизан оташ ту ба як бору марав!
Даст биниҳ бар раги ӯ, тез равон кун таки ӯ,
Ай дами навравнақи мо, равнақи бозори ту ку?!
Ман хушу ту нимхушӣ, ҷаҳд бикун, то бичашӣ,
То қадаҳе май бикашӣ, з-он ки гирифторам аз ӯ!
Сояи туст, ай писар, ҳар чи бар ӯст, ай писар,
Соя фиканд, ай писар, дар ду ҷаҳон ҳумойи ту!
Дар Табрез Шамси дин ҳаст чароғи ҳар саҳар,
Толиби офтоб ман чун саҳарам, ба ҷони ту!
Дар Табрези Шамси дин ҳаст баландтар шаҷар,
Шоду бабаргу бонаво з-он шаҷарам, ба ҷони ту!
Аё Табрези хушҷоям, зи Шамсуддин ба ҳайҳоям,
Занам лаббайку меоям бад-он Каъбай лиқойи ту.
Рав, ту қассоби ҳаво шав, кибру кинро хун бирез,
Чанд бошӣ хуфта зери ин ду саг?! Чолок шав!
Гард аз он дарё баромад, гарди ҷисми авлиёст,
То нагӯйӣ «Қавми Мӯсоро дар ин ям гард ку?!».
Бо чунон ғайрат, ки ҷон дорад, бигуфтам: «Пеши халқ
Шамси Табрезӣ бигӯям?!» Гуфт ҷон: «Оре, бигӯ!».
Шамси Табрезӣ, шунидастӣ, бибин ин нурро,
К-аз вай омад косидиҳои бутон, ин аст ӯ!
Инчунин гӯяд худованд — Шамси Табрезӣ ба ном:
«Ай ҳама шаҳри дилам ғавғойи ту, ғавғойи ту!».
Кимиёву зар намеҷӯям, миси қобил куҷост?!
Гармрӯро худ кӣ ёбад?! Нимгарме сард ку?!
Ай дили паррони ман, то кай аз ин вайрони тан?!
Гар ту бозӣ, барпар он ҷо в-ар ту худ бумӣ, бигӯ!
Ишқи ишратпешайӣ, ки давлатат поянда бод,
Рӯз-рӯзат иди тоза, ҳар шабонгаҳ сури нав!
Шаҳи ман бода фиристад, ба чи рӯ менапарастам?!
Ҳала, ай мутриб, баргӯ ки «Зиҳӣ, бодапараст ӯ!».
Ба яке лаҳза чариданд ҳама ҷонҳову париданд,
Ки набояд, ки зи нуқсон шавад аз чашм ниҳон рӯ!
Ба яке нақш бар ин хоку бар он нақши дигар
Дар биҳишти абадиву шакаристон ману ту!
Шамси Табрез, ки ҷон дар ҳаваси ӯ бигирист,
Гашт зебову дилорому латифу каш аз ӯ!
Хун гашт номи кӯҳ, ки номаш шудаст лаъл,
Чун дарфитод дар куҳу куҳсор шарми ту!
Дар ҷой манигунҷад аз фахр ҷойи ту,
Куҳ меканад зи ишқ чу Фарҳод вақти ту!
Ай рухи ту ҳамчу моҳ, нола кунам гоҳ-гоҳ,
З-он ки маро шуд ҳиҷоб ишқи сухандони ту!
Сабӯ супурда бувад гӯш бо ҳазорон дил,
Бад-он ҳавас, ки хурад ғӯта дар миёнаи ҷӯ!
Дари ту, дари ту, дари бахшиши ту,
Гули ту, гули ту, гули аҳмари ту!