Мавсими иду баҳори хурраму шоҳи ҷаҳон

Мавсими иду баҳори хурраму шоҳи ҷаҳон,
Сояи абру канори сабзаву оби равон.

Мутриби хушлаҳҷаро бар лаб навои арғунун,
Соқии гулчеҳраро бар каф шароби арғувон.

Ай, ки мелофӣ зи лутфи табъи худ, инсоф деҳ,
Дар чунин ҳоле зи май парҳез кардан чун тавон?

Бодаи нӯшинравон дар ҷоми зар рез, ай надим,
Қиссаи Ҷам то каю афсонаи Нӯшинравон?

Мутрибо, бар туст гӯш он мастро, бишнав зи ман
Чанд ҳарфе дар баёни шавқу ӯро бишнавон.

Шуд хароб аз некувон ҳам дину ҳам дунё маро,
Дигарон ранҷ аз бадон бинанду ман аз некувон.

Баҳри базми шоҳ Ҷомиро зи шаҳристони ғайб
Мерасад нуқли маонӣ корвон дар корвон.