Магар дигар сухани душманон ниюшидӣ

541

Магар дигар сухани душманон ниюшидӣ,
Ки рӯи чун қамар аз дӯстон бипӯшидӣ?!

Ман аз ҷафои замон, булбуло, нахуфтам дӯш,
Туро чӣ буд, ки то субҳ мехурӯшидӣ?

Қазо ба нолаи мазлуму лобаи маҳрум
Дигар намешавад, эй нафс, баски ҷӯшидӣ.

Кунун ҳаловати пайвандро бидонӣ қадр,
Ки шарбати ғами ҳиҷрони талх нӯшидӣ.

Ба муқтазои замон иқтисор1 кун, Саъдӣ,
Ки он чи ғояти ҷаҳди ту буд, кӯшидӣ.


1 Басанда, қаноат.