Майл бин, к-он сарвболо мекунад

241

Майл бин, к-он сарвболо мекунад,
Сарв бин, к-оҳанги саҳро мекунад.

Майл аз ин хуштар надонад кард сарв,
Нохуш он майл аст, к-аз мо мекунад.

Ҳоҷати саҳро набуд, оина ҳаст
Гар нигористон тамошо мекунад.

Ғофил аст аз сурати зебои ӯ,
Он ки суратҳои дебо мекунад.

Ман ҳам аввалрӯз донистам, ки ишқ
Хун мубоҳу хона яғмо мекунад.

Сабр ҳам суде надорад, к-оби чашм
Рози пинҳон ошкоро мекунад.

Гар муроди мо набошад, гӯ, мабош,
Чун муроди ӯст, ҳил, то мекунад.

Ёри зебо гар бирезад хуни ёр,
Зишт натвон гуфт, зебо мекунад.

Саъдиё, баъд аз таҳаммул чора нест,
Ҳар ситам к-он дӯст бо мо мекунад.

То магасро ҷони ширин дар тан аст,
Гирди он гардад, ки ҳалво мекунад.