Макун зи гардиши гетӣ шикоят, эй дарвеш

Макун зи гардиши гетӣ шикоят, эй дарвеш,
Ки тирабахтӣ, агар ҳам бар ин насақ мурдӣ!
Тавонгаро, чу дилу дасти комронат ҳаст,
Бихур, бибахш, ки дунёву охират бурдӣ!