Макун саргашта он дилро, ки дастомӯзӣ ғам кардӣ

536

Макун саргашта он дилро, ки дастомӯзӣ ғам кардӣ,
Ба зери пои ҳиҷронаш лагадкӯби ситам кардӣ.

Қалам бар бедилон гуфтӣ, нахоҳам ронду ҳам рондӣ,
Ҷафо бар ошиқон, гуфтӣ, нахоҳам карду ҳам кардӣ.

Бадам гуфтию хурсандам, афокаллаҳ1, накӯ гуфтӣ,
Сагам хондию хушнудам, ҷазокаллаҳ2, карам кардӣ.

Чӣ лутф аст, ин ки фармудӣ, магар сабқуллисон3 будат?
Чӣ ҳарф аст, ин ки овардӣ, магар саҳвулқалам4 кардӣ?

Иноят бо ман авлотар, ки таъдиби ҷафо дидам,
Гулафшон бар сари ман кун, ки хорам дар қадам кардӣ.

Ғанимат дон, агар рӯзе ба шодӣ даррасӣ, эй дил,
Пас аз чандин таҳаммулҳо, ки зери бори ғам кардӣ.

Шаби ғамҳои Саъдиро магар ҳангоми рӯз омад,
Ки торику заъифаш чун чароғи субҳдам кардӣ?!


1 Худо туро бибахшояд.
2 Худо туро подош диҳад.
3 Иштибоҳи лафзӣ.
4 Иштибоҳи қаламӣ.