Манам акнун ба сари кӯйи вафо хок шуда

Манам акнун ба сари кӯйи вафо хок шуда,
Ҳар чӣ ҷуз ишқи ту з-олоиши он пок шуда.

Марҳами реши касониву аз ин дард маро
Сина маҷрӯҳу дил афгору ҷигар чок шуда.

Тез махрому бибин ҳар тарафе шефтае,
Фитна бар ишваи он қомати чолок шуда.

Мункири ишқ машав, хоҷа, ки бадномии ишқ
Ҳама з-ин ҳарзараве чанд ҳаваснок шуда.

Шуъла дар хӯшаи Парвин задаву хирмани моҳ,
Шараре, к-аз дили гармам суйи афлок шуда.

Чашми масти ту, ки медошт ба мардум назаре,
Даври мо омада хунхораву бебок шуда.

Ҳаминон бо дигаронӣ туву мискин Ҷомӣ
Монда аз дур, диле бастаи фитрок шуда.