Манам ин бе ту, ки парвои тамошо дорам?

388

Манам ин бе ту, ки парвои тамошо дорам?
Кофирам, гар дили боғу сари саҳро дорам.

Бар гулистон гузарам бе туву шармам н-ояд?
Дар раёҳин нигарам бе туву ёро дорам?

Ки на бар нолаи мурғони чаман шефтаам,
Ки на савдои рухи лолаи ҳамро дорам.

Бар гули рӯи ту чун булбули мастам, валлоҳ,
Ба рухи лолаву насрин чӣ таманно дорам?

Гарчи лоиқ набувад дасти ману домани ту,
Ҳар куҷо пой ниҳӣ, фарқи сар он ҷо дорам.

Гар ба масҷид равам, абрӯи ту меҳроби ман аст,
В-ар ба оташкада, зулфи ту чалипо1 дорам.

Дилам аз пухтани савдои висоли ту бисӯхт,
Ту мани хомтамаъ бин, ки чӣ савдо дорам.

Ақли мискин ба чӣ андеша фародаст кунам?
Дили шайдо ба чӣ тадбир шикебо дорам?

Сари ман дор, ки чашм аз ҳамагон бардӯзам,
Дасти ман гир, ки даст аз ду ҷаҳон водорам.

Бо туам як нафас аз ҳашт биҳишт авлотар,
Ман ки имрӯз чунинам, ғами фардо дорам?

Саъдии хештанам хон, ки ба маънӣ зи туам,
Ки ба сурат насаб аз Одаму Ҳавво дорам.


1 Салиб.