Манам, ки гӯшаи майхона хонақоҳи ман аст

53

Манам, ки гӯшаи майхона хонақоҳи ман аст,
Дуои пири муғон вирди субҳгоҳи ман аст.

Гарам таронаи чанги сабӯҳ нест, чӣ бок?
Навои ман ба саҳар оҳи узрхоҳи ман аст!

Зи подшоҳу гадо фориғам, биҳамдиллаҳ,
Гадои хоки дари дӯст подшоҳи ман аст.

Ғараз зи масҷиду майхонаам висоли шумост,
Ҷуз ин хаёл надорам, Худо гувоҳи ман аст.

Магар ба теғи аҷал хайма барканам, в-арна
Рамидан аз дари давлат на расму роҳи ман аст.

Аз он замон ки бар ин остон ниҳодам рӯй,
Фарози маснади хуршед такягоҳи ман аст.

Гуноҳ агарчи набуд ихтиёри мо, Ҳофиз,
Ту дар тариқи адаб бошу гӯ: «Гуноҳи ман аст».