Манам, ки дида ба дидори дӯст кардам боз

259

Манам, ки дида ба дидори дӯст кардам боз,
Чӣ шукр гӯямат,эй корсози банданавоз?

Ниёзманди бало, гӯ, рух аз ғубор машӯй,
Ки кимиёи мурод аст хоки кӯйи ниёз.

Зи мушкилоти тариқат инон матоб, эй дил,
Ки марди роҳ наяндешад аз нишебу фароз.

Таҳорат ар на ба хуни ҷигар кунад ошиқ,
Ба қавли муфтии ишқаш дуруст нест намоз.

Дар ин мақоми маҷозӣ ба ҷуз пиёла магир,
Дар ин сарочаи бозича ғайри ишқ мабоз.

Ба ними бӯса дуое бихар зи аҳли диле,
Ки кайди душманат аз ҷону ҷисм дорад боз.

Фиканд замзамаи ишқ дар Ҳиҷозу Ироқ
Навои бонги ғазалҳои Ҳофиз аз Шероз.